15 майи соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур ба ноҳия омада, аз пагоҳии барвақт ба вазъи корҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳот шинос шуданд. Мақсад аз таъсиси гурӯҳи корӣ таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амиқ омӯхтани ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, вусъат бахшидани кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, вазъи чорводорӣ, захираи алафҳои табиӣ, хошоки дурушт, бурдани чорво ба чарогоҳҳои тобистона ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Меҳмонон баъди омӯзиш, мушоҳида ва натиҷагириҳо дар нимаи дуюми рӯз бо иштироки роҳбарон ва фаъолони ноҳия, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва дигар мутасаддиён ҷамъомад баргузор намуданд. Дар ҷамъомад мутахассисони шомили ҳайати гурӯҳи корӣ баромад карда, камбуду норасоиҳо ва муваффақияту дастовардҳои заҳматкашони соҳаи кишоварзиро аз рӯи мушоҳидаҳои худ баррасӣ намуданд.
Тавре намояндагони гурӯҳ иброз доштанд, баробари муваффақият-ҳо дар соҳаи мазкур камбудиҳои гуногун вуҷуд доштанд ва онҳо роҳҳою усулҳои бартараф сохтани камбудиҳоро тавсия доданд. Баъдан роҳбари гурӯҳ Амирбеки Темур ҷамъомадро вобаста ба андешаронии аъзоёни гурӯҳи корӣ нати-ҷагирӣ кард.
Раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён дар охир ба меҳмонон барои маслиҳату тавсияҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бовар кунонд, ки аҳли заҳмати ноҳия сидқан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру тавсияҳои пешниҳодшударо иҷро кунанд.
Ф. Нуров,