Хабарҳо

Тоҷикистон баҳри ман аз деҳи ман сар мешавад

 

Ҷолиби қайд аст, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо рӯз ба рӯз ба худ рангу таровати тоза гирифта, ободу зебо гашта истодааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар кишварамон бо сиёсати хирадмандонаи пешгирита ва иқдому дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр соҳибкорону шахсони саховатманди ватанӣ барои дар арсаи ҷаҳонӣ баробар шудан ба давлатҳои мутараққӣ ба халқу миллати худ хизматҳои арзанда карда истодаанд.

Хурсандибахш аст, ки имрӯзҳо дар  ноҳияи дурдасти мо ҳам чунин ҷавонмардони ғаюру нексиришт пайдо гашта истодаанд, ки  ташаббус ва иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ободонии деҳот раҳнамои ҳаррӯзаи зиндагии худ намуда, барои ободу зебо ва гулгулшукуфии Тоҷикис-тони азизамон  ва деҳаҳои худ ҳиссаи арзишманди худро гузошта истодаанд.

Сокини деҳаи Руботноли ҷамоати деҳоти Намуна Исломов Салоҳиддин Ғафурович аз қабили ҷавонмардони нексиришт буда, барои сангфарш кардани кӯчаҳои деҳааш аз ҳисоби маблағи худ бо15 адад мошинҳои боркаш санги майда оварда рехтааст ва бо ёрию мадади ҳамдеҳагонаш кӯчаҳои деҳаашро сангфарш  намудааст.

Боварӣ дорем, ки ҷавонмардони бонангу номуси ноҳияамон Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури доимии худ дониста, барои сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд ва баландҳимматию саховатпешагии сокини деҳаи Руботноли ҷамоати деҳоти Намуна Салоҳиддин Исломовро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани деҳи худ, кӯчаву роҳравҳо, шинондани гулу гулбуттаҳо, бунёд кардани боғу токзорҳо ва чароғон намудани кӯчаҳо ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Шуд мунаввар деҳи ман аз нури Раҳмон дам ба дам,

Шукри номаш мекунам ман  ҳар саҳар, ҳар субҳидам.

 

   Маҳмади Шариф

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *