Ҳамасола 14 март ҳамчун Рӯзи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар Прокуратураи ноҳия ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимону кормандони прокуратураи ноҳия иштирок доштанд.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия З. Шоҳиён баромад карда, кормандони прокуратураро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуд ва дар бораи нақшу хизматҳои содиқонаи ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва кишвар суханронӣ кард.
Сипас, Б. Абдураҳмонзода, раиси Суд, Ш. Маҳмудзода, сардори ШВКД дар ноҳия ва дигар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баромадҳои худ кормандони ин мақомро ҷиҳати иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд ва аз таърихи корнамоиҳои кормандони прокуратура ёдовар шуданд.
Прокурори ноҳия А. Холиқзода дар фарҷоми ҷамъомад аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Презиленти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду такомули фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бори дигар ёдрас шуда, аз номи ин мақомот изҳор намуд, ки дар оянда низ рафти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар ноҳия зери назорати қатъӣ қарор гирифта, нисбати қонуншиканону ҷинояткорон чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Раиси ноҳия кормандони мақомоти мазкурро барои фаъолияти пурсамар ва иди касбиашон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
П. Нуров, Гулчеҳра