10 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади калон баргузор гардид, ки дар он кулли фаъолони ноҳия ва масъулин иштирок намуданд. Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён оғоз карда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд ва сараввал суханро ба сардори бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ғулом Саидзода дод. Мавсуф дар гузориши худ иброз дошт, ки 26 январи соли ҷорӣ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Ғ. Саидзода қайд кард, ки Паём ҳуҷҷати бузурги ояндасоз ва дорои ҳадафҳои афзалиятнок дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро дар худ инъикос намудааст. Сарвари кишвар зимни таҳлили вазъи имрӯзаи ҷаҳон сабабу омилҳои сар задани зуҳуроти даҳшатноку инсонафкани терроризму экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, хавфи пандемияи СОYID-19 ва оқибатҳои он, зарурати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дар шароити пандемияи баамаломада, пешгирии зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, ки пояҳои давлату давлатдориро сусту бемадор месозад, вусъати тоза бахшидан ба сифати таълиму тарбияи насли наврас, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди тафаккури техникӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии миллӣ маҳсуб меёбад, инчунин ҳамаҷониба ба роҳ мондани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар Паёмашон ҳаматарафа зикр намуданд. Дар ҷамъомад кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Файзуллои Амирхонзода ва Одиназода Сабзалӣ Мусофир низ баромад карда, ҷиҳатҳои дигари Паёмро ёдрас намуданд.
Баъди саволу посухҳо бо иштирокчиён раиси ноҳия З. Шоҳиён ҷамъомадро ҷамъбаст карда, иброз намуд, ки мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ноҳия аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода мебаранд, то дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро намоем. Боварии калон аст, ки Паём дастурамали фаъолияти ҳаррӯзаи аҳли заҳмати ноҳия гардида, ҷашни бузурги миллии 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегардад.
П. Нуров, Гулчеҳра