Хабарҳо

Баррасии муҳтавои Паём

 

Дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 25 марти соли 2021 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати вохӯрӣ бо интихобкунандагон бобати баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида истодаанд.

Тибқи нақшаи баргузории ин вохӯриҳо санаи 17 марти соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявӣ Ҷайҳун -33 Гавҳар Шарофзода ва аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Фархор -34 Раҳмонзода Зоир бобати баргузор намудани вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон баён дошта буданд мухтасар суханронӣ намуданд. 

Сипас вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявӣ Ҷайҳун -33 Гавҳар Шарофзода ва аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Фархор -34 Раҳмонзода Зоир вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар баён дошта буданд муфассал суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *