Таҷлил

Таҷлили «Рӯзи ҷанговарони Афғонистон»

 

Санаи 15 феврали соли равон дар доираи иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили «Рӯзи ҷанговарони Афғонистон» чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғози ҷорабинӣ сухани табрикии раиси ноҳия шунида шуда, аз далериву шуҷоат ва корнамоиҳои ҷавонони тоҷик, ки замони шуравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намуда буданд, ёдоварӣ карда шуд.

Сипас дар якҷоягӣ бо ҷанговарони Афғонистон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар назди «қабри аскари номаълум» гулчамбар гузошта шуд.

Ҳамзамон барои 84 нафар ҷанговарони Афғонистон дастархони идона ороста шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар кадоми онҳо кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.

Дар қисмати охири чорабинӣ санъаткорон ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо суруду таронаҳои нави худ, ки дар васфи Ватан, Модар омода гардида буданд,  хотири иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *