11 феврали соли равон ҷаласаи васеиҳХДТ дар ноҳия баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ҳизб аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва дигар роҳбарону фаъолон иштирок карданд. Дар ҷаласа аз рeи масъалаи «Фаъолияти КИҳХДТ дар ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021» раиси Комиҷроия К. Файзизода ҳисобот дод. Дар ҳисобот мавсуф ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳизбиён ва КомиҷроияиҳХДТ дар ноҳия дахл карда, бурду бохт ва муваффақияту норасоиҳоро гeшрас намуд. Тавре зикр гардид, аъзоёни Комиҷроияи ҳизб ва дигар фаъолон дар ташкилотҳои ибтидоӣ кeшиш ба харҷ намудаанд, ки ҳадафҳои бамиёнгузоштаро сарбаландона иҷро кунанд. Дастуру супориш-ҳои Сарвари ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намудаанд, ҳар як аъзои ҳизб сармашқи кори худ карда, дар маҳалҳо фаъолияташонро густариши тоза бахшида истодаанд.
Дар ҷаласа фаъолони ҳизб дар баромадҳояшон оиди амалӣ намудани ҳадафҳои ҳизб ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум суханронӣ намуданд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра