Ба наздикӣ дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия бо иштироки ҳайати шахсии шуъба, роҳбарони дахлдори ноҳия, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони соҳаи тартиботи ҷамъиятӣ ҷаласаи васеъ гузаронида шуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти солонаи ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷамъбаст гардид. Вобаста ба ҳамин масъала сардори ШВКД дар ноҳия Ш. Маҳмудзода гузориши муфассал дод. Аз ҷумла дар гузориш зикр гардид, ки кормандони шуъба дар давоми сол тибқи қонунҳои амалкунандаи соҳа ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал карда, як қатор корҳои муҳиму рeзмарраро ба сомон расониданд. Сардори шуъба сабабу омилҳои сар задани қонуншиканиҳою ҷинояткориҳоро тавзеҳ дода, роҳҳои пешгирӣ кардани ҳама гуна падидаю зуҳуроти номатлубро ба таври равшан нишон дод. Мавсуф ҳамчунин дар бораи парвандаҳои ҷиноятии ошкоршуда, ҳанeз ба анҷом нарасида, чораҳои нисбати ҷинояткорию қонунвайронкуниҳо андешида ва дигар самтҳои фаъолияти шуъба суханронӣ намуд.
ҳамзамон дар гузориш ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳара- катҳои террористию экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилона, суръат бахшидани кор дар ин самтҳо дар байни ҷавонон ва амсоли инҳо барин масъалаҳои мубрами рeз махсус қайд карда шуд.
Сардори ШВКД дар ноҳия пасон дар бораи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ вазифаҳои ҷиддии пурмасъулро гузоштанд ва иҷрои бечунучарои онҳоро талаб намуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як корманди мо ва ҳайати шахсиро зарур аст, ки ҳамин дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ карда, баҳри беҳдошти фаъолияти гуногунҷабҳаи шуъба аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.
Дар охир сардори ШВКД дар ноҳия таклиф намуд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, соҳибкорону кормандони бозорҳо, сокинони шаҳраки Панҷ рeзи шанбе ҷиҳати тозаю озода намудани хиёбону кeчаю гулгаштҳо, маҳаллаҳои маркази ноҳия ба шарафи истиқболи намунавии ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумихалқӣ эълон карда шавад, то ки саҳми ҳар як бошандаи маркази ноҳия дар ин маъракаи муҳим намоён гардад.
Тибқи ҳамин таклиф рeзи шанбе, 6 феврали соли равон тамоми сокинони маркази ноҳия дар маҳаллаҳои худ ба ҳашар баромаданд. Дар ин кори хайр омeзгорону хонандагон низ баъди машғулиятҳо иштирок карданд. Мардум бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ватанпарастӣ ва меҳнатдeстӣ ин рeзро бо меҳнати софдилона таҳти шиори “Тозагӣ – гарави саломатист!” ҷамъбаст намуданд. ҳамзамон бо ибтикори сарвари ШВКД дар ноҳия дар ҳамин маърака як деги калони оши палав барои ҳашарчиён, ҳамчунин дастпeшаку ниқобҳои тиббӣ ройгон тақдим карда шуданд. Чунин маъракаи тозагию ободонӣ ба ҳусни шаҳр боз зебу зинати иловагӣ бахшид ва ҷиҳати таъмини ҳолати хуби беҳдоштӣ, санитарию гигиенӣ ҳам дар кeчаю маҳаллаҳо, ҳам дар бозорҳою ҳавлиҳо ва ҳам дар муассисаю ташки- лотҳои маркази ноҳия мусоидат намуд.
Тасмим гирифта шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин чорабиниҳои умумӣ дар ҷамоатҳою маҳаллаҳою деҳаҳо низ баргузор карда шавад.
П. Нуров, И. Абдураҳмон