Имсол мавсими сармо нисбати солҳои қаблӣ хеле барвақт омад. Боридани барф дар баъзе музофотҳо, аз ҷумла ноҳияи мо низ мушкилоти зиёдеро ба миён овард. Аз бориши зиёди барф олами набототу ҳайвонон бештар ранҷ мебарад. Махсусан дар он минтақаҳое, ки ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия вогузор аст, душвориҳо бештар мегардад. Баъзе дарахтони сершоху барг ба замин афтида, талаботи парандагону ҳайвоноти нодир дар доманакўҳҳо ва баландиҳо ба хӯрока афзудааст.
Аз ҳамин лиҳоз, кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар ин давра хеле сертараддуд мебошанд. Дар мавзеъҳои Кировобод, Қаратов ва Бӯрбулоқ бо мақсади пешгирии нобудшавии парандагону ҳайвонот чорабиниҳои таъҷилии биотехникӣ гузаронида шуд. Зиёда аз 200 кг ғалладона, 500 кг коҳ, тақрибан 100 кг намак ва амсоли инҳо барин маводҳои ғизоӣ дар минтақаи Кировобод барои парандагону ҳайвонот дастрас гардид. ҳамин гуна маводҳо дар мавзеъҳои дигари хоҷагии ҷангал паҳн карда шуд.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 43 ҳазору 956 гектар майдони умумӣ дошта, аз ин 17 ҳазору 823 гектарро ҷангал ташкил медиҳад. Дар ҷангалзори Муассиса гург, рӯбоҳ, ҷайра, кабк, кабӯтар ва дигар намудҳои парандагону ҳайвонотро вохӯрдан мумкин аст, ки муҳофизати онҳо дар шароити сарди зимистон вазифаи ҷангалбонҳо мебошад. ҳар як фарди ватанпарвар нисбати табиати диёри худ бояд ҳеҷ гоҳ саҳлангор ва бепарво набошад. Бо вуҷуди сардиҳои табиат кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд, то ки дар мавсими зимистон ҳайвоноту парандагон аз нестшавӣ раҳо ёбанд.
П. Нуров, И. Абдураҳмон