Хабарҳо

ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

28 декабри соли 2020 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар он  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари   дастгоҳ, мудирони шуъбаву  бахшҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони  чамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд:

-ҳисоботи раиси ноҳияи Панҷ оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020.

– Дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Панҷ дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети ноҳияи Панҷ барои соли 2021.

-Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2021

– Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025».

-Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ аз ҳавзаи интихоботии №40 ва таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ба ҷои вакили хориҷгардида.

– Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба гузаронидани интихобот ба ивази вакили хориҷгардида дар ҳавзаи интихоботии №40.

– Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияи чорум то иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати шашум).

Оид ба масъалаи аввали рӯзнома раиси  ноҳия  муҳтарам З. Шоҳиён ҳисоботи муфассал дод. Раис аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо якҷоя бо вакилон ва фаъолони ноҳия ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида, нишондиҳандаҳои солро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда истодаанд. Дар ин давра ба буҷет 22,9 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 891 ҳазор сомонӣ кам аст. ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ба 92,8 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 712,3 млн. сомонӣ расонида шуд. Ба аҳолӣ дар ҳаҷми 144,5 млн. сомонӣ молу мавод фурӯхта шуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории кишоварзӣ 51,9 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 15,1 ҳазор тонна пахта, 55,9 ҳазор тонна сабзавот, 14,4 ҳазор тонна картошка, 18,2 ҳазор тонна полезӣ, 10,3 ҳазор тонна мевагиҳо, 3,4 ҳазор тонна, 5,7 ҳазор тонна гӯшт, 23,6 ҳазор тонна шир, 5,1 млн. дона тухм, 20 тонна асал, 30 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёданд.

Дар соҳаи сохтмон 18,1 млн. сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуданд. Дар масоҳати 16690 метри мураббаъ ба маблағи 19,7 млн. сомонӣ аз фондҳои асосӣ сохтмон-ҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар соҳаҳои нақлиёт, нигоҳдории роҳҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон, ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, варзиш ва амсоли инҳо низ дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёде ба сомон расонида, рушди ин соҳаҳо то андозае таъмин карда шуданд.

Аз рӯи гузориши раиси ноҳия мудири шуъбаи кишоварзӣ Ш. Одинаев, мудири шуъбаи маориф М. Боймуродзода, сардори идораи барқ Ф. Азимов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ С. Гурезов ва дигарон баромад карданд.

Тибқи рӯзнома «Дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Панҷ дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2021» сардори Раёсати молия А. Сафарзода гузориш дод. Иҷлосия мувофиқи гузориши ӯ ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳияро аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 64462882 сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андозҳои вобасташуда ва танзимшаванда ба маблағи 33556800 сомонӣ, маблағҳои мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 26438275 сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи 4000000 сомонӣ тасдиқ намуд.

ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия  барои соли 2021 ба маблағи 64462882 сомонӣ тасдиқ карда шуд. Касри буҷети ноҳия  467807 сомониро ташкил медиҳад.

Дар иҷлосия нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2021 тасдиқ карда шуд. ҳамчунин масъала дар бораи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025» баррасӣ ва тасдиқ гардид

.

Иҷлосия ҷиҳати масъалаҳои пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №40, таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ба ҷои вакили хориҷгардида  ва ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба гузаронидани интихобот ба ивази вакили хориҷгардида дар ҳавзаи интихоботии №40 қарорҳои дахлдор қабул намуд.

ҳамзамон дар иҷлосия қарорҳои раиси ноҳияи Панҷ дар давраи иҷлосияи чорум то иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқ (даъвати шашум) тасдиқ карда шуданд.

Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М. Зуҳурзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Кори иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқ, раиси ноҳия З. Шоҳиён  ҷамъбаст карда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро аз номи вакилон ва аҳли заҳмати ноҳия бовар кунонид, ки камбудиҳои ҷойдоштаро таъҷилан бартараф намуда, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ-30-юмин   солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мекунанд ва саҳми арзандаи худро дар истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ мегузоранд.

 

                                                             Н. Фозилҷон, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *