Суханрониҳои раис

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З. Ф. ба муносибати 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи абармарди арсаи таърихи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуда истодааст.

Агар таърихи Истиқлолияти давлатии мо аз чор як ҳиссаи аср бошад, пас умри миллат ва таърихи давлатдориамон масири ҳазорсола-ҳоро дар бар мегирад.

Истиқлолияти давлатӣ рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон Тоҷикистон аст, ки санаи 9-уми сентябри соли равон 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ  ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави мамлакат таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик намуда, барои Шумо амалишавии ормонҳои волои Истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, кору пайкори ҳамешагӣ, зиндагии осоишта ва ваҳдату ягонагиро таманно дорам.

Зимни як суханронии Пешвои миллат зикр гардида буд, ки: «Муҳимтарину арзишмантарин  дастоварду комёбие, ки мо дар замони соҳибистиқлолиямон ба даст овардем, аз хатари нестӣ наҷот додани давлатдории миллии тоҷикон ва барқарор намудани сулҳу суботи комил дар тамоми кишвари азизамон мебошад».

Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, ин на фақат санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон аст, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 29-соли соҳибистиқлолии худ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо барқарор намудани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

Дар масири таърихи қадима ва сарнавишти давлатдории ниёгони мо дар китобу навиштаҳои пешинаамон ба таври васеъ изҳори назар карда шудааст, ки руҳи шикастнопазиру симои ҷовидонаи миллати тоҷик дар оинаи таърих инъикос гардида, сарнавишти сахту сангин вале пурифтихори худро пушти сар намудааст.

Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллӣ рушд ёфта, шакли муосири озодонаи он интихоб карда шавад.

Маҳз тавассути ҳамин замина рушди устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва сохти нав яъне барои давлатдории демократии дунявии ҳуқуқбунёд замина гузошта шуда, дар тамоми соҳаҳои мухталиф пешравиҳо амалӣ гардиданд.

Дар заминаи соҳибистиқлолии кишварамон сулҳу субот ва оромии сартосарӣ ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла ноҳияи мо низ дигаргуниҳои куллӣ ва дастовардҳои назаррас  ба амал омаданд.

Дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳия, ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.

То имрӯз 113 иншоот бо маблағи 25 миллиону 443 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки 53,8  фоизи       Нақшаи        пешбинишударо дар бар мегирад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои гузаргоҳ ва толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бинои панҷошиёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолон бо маблағи 3 миллиону 870 ҳозор сомонӣ, бинои  панҷошёнаи  истиқоматӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50- солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, бо маром идома ёфта истодаанд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

Дар доираи амалӣ намудани ин ҳадаф соҳаи саноати ноҳияи мо низ рӯ ба афзоиш оварда, корхонаҳои гуногуни саноатӣ низ мавриди истифодабарии мардуми ноҳия қарор дода шуданд. Ин корхонаҳо имрӯз ба истеҳсоли равғани растанӣ, рег ва сангреза барои сохтмон, маҳсулоти ширӣ, хишти хом, орд ва коркарди нахи пахта машғуланд.

Дар давоми 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии ноҳия ба 38, 5 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 8 адад расонида шуд.

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятиии коронавирус (COVID-19) ва оқибадҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам аз тадбирҳои фаврии андешидашуда дар самти табобат ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин вабои аср вобастагии амиқ дорад. Бо вуҷуди коҳиши чашмрас, ҳамоно паҳншавии ин беморӣ идома дошта, то кунун беш аз 188 кишвар ва наздик ба 20 миллион нафарро дар ҷаҳон сироят намудааст.

Имрӯзҳо бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар асоси нақшаи кории Ситоди ноҳиявӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, дар ин замина Беморхонаи марказии ноҳия бо маводҳои  дорувории зарурӣ ва безараргардонӣ, инчунин духтурону табибон ва беморону ниёзмандон бо маҳсулотҳои хӯрокаи ниёзи аввалия таъмин карда шуданд.

Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон 18 иншоот бо маблағи 5 миллиону 694 ҳазор сомонӣ сохта ва мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор дода шуданд.

То имрӯз бошад дар маҷмуъ 33 адад иншоот бо маблағи 20,5 миллион сомонӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон  соли 2019 дар арафаи 28-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва амалӣ  намудани бандҳои Нақша-чорабиниҳои ин санаи муҳими таърихӣ 13 адад иншоотҳои гуногун аз ҷониби як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша  бо маблағи 9 миллиону 320 ҳазор сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд.

Боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи мо минбаъд низ бо заҳмату талоши ҳамешагии худ дар рушду ободии кишвари азиз ва амалишавии орзуву ормонҳои миллат саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Бо умеди амалишавии ҳамаи ин нияту ормонҳо бори дигар Истиқлолияти давлатиро ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз табрик намуда, таманнои онро дорам, ки саодату комёбӣ, сарбаландиву хушбахтӣ ва фараҳмандиву шодӣ ҳамқадами ҳамешагии рӯзгори Шумо бошад.

Иди Истиқлолияти давлатӣ, муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *