
Терроризм зуҳротест, ки дар илми сиёсатшиносӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Аммо терроризм бо зуроварӣ алоқаманд аст ва мехоҳад барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ дар ҷомеа тарсу ваҳшад эҷод кунад. То имрӯз дар таърихи терроризм назарияи ягона мавҷуд набуд. Аммо коршиносон дар як хусусият он, яъне зуроварӣ ба ифрод расидаанд. Бинобар ин, барои муайян кардану таърифи мушаххас намудани ин падидаи номатлуб ҳеч гуна кӯшиш сурат нагирифтааст.
Ин зуҳурот аз ибтидои нимаи дуюми саддаи 20-уми мелоди ривоҷ ёфт. Пайдоиши терроризм дар арсаи байналмилалӣ маҳсуди таҳавуллот, рушди раводиди байналмилалӣ ва муомилаҳои инсонӣ нисбат ба сохтори он мебошад.
Ҳаёти воқеи нишон медиҳад, ки терроризм ба сулҳу истиқлолияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият ва иҷроия, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ мерасонад. Ин падидаи номатлуб имрӯзҳо яке аз амалҳои бавоят хатарнок шинохта шуда ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ дошта эътироф мешавад.
Дар робита ба ин масъала ҳанӯз дар солҳои 90-ум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул кард ва мутобиқи он вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон дар пешгири ба мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар самти терроризм муайян гардид. Ҳадафи чунин гурӯҳҳо аз он иборат аст, ки сулҳу суботи кишварро ноором карда, нопокии худро амали менамоянд.
Ҳар як падидаи террористи як амали ғаразнок буда ҳам замон аз мантиқи оқилона пайрави мекунанд. Ҳамин тариқ ҳар як террорист дар амали террористии худ ният дорад ва ҳамзамон ҳисоби фоида бар зиёнро ба назар мегирад.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯзҳо тоҷикон ва тоҷикистониён дар радифи дигар кишварҳои мутараққии дигар бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, аз паёмади ногувори ин гуна амалҳо чораҳои дахлнопазир ҷӯянд. Бо ин ҳадаф аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чандин санадҳои муҳим, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зиди терроризм” (соли 1995), “Консепсияи ягонаи Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстемизм (ифротгарои) (соли 2006) қабул шуда Тоҷикистон “Консепсияи созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм” мебошад, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Дар шароити кунуни вазифаи ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асоси пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз ин иборат аст ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиятҷӯе ки динӣ мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили муҳими Ислом муаррифи мекунанд, худори намоянд, зери дар натиҷаи гардиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикалию террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафари дигар мегардад.
Сокинони Тоҷикистон бояд ғояи фарогири миллӣ дошта, сулҳӯ субот, ваҳдату истиқлолияти ватани азизамон Тоҷикистон маҳбубу соҳибистиқлолро аз ҳама арзишҳои дигар афзалтар шуморем.
Шӯъбаи рушти иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия.
