Имрӯз дар асоси Нақша-чорабиниҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ноҳия дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки прокурори Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирии экстримизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Ҷамшедзода Зокирҷон Ҷамшед, прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 мӯҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло ва муовини раиси ноҳия Хоҷазода И.Д. бо фаъолони ноҳия махсусан ҷавонон, занон,раисони маҳаллаҳо,имомхатибон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва директорону омӯзгорони ноҳия вохӯри баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои мубрами рӯз махсусан иҷрои талаботҳои Стратегияи пешгирии экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ҳамзамон ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи ватандустии ҷавонон, ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ риояи бечуну чарои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садоқат ба халқу миллати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баромадкунандагон аз аҳли толор ва махсусан ҷавонон муроҷиат намуданд, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифроти нашавед. Сарҳади худро дастаҷамъона ҳифз ва ҳимоя намоем Ваҳдату истиқлолият ва тенҷиву амонии саросарии кишвари азизамон Тоҷикистонро ҳамчун гавҳараки чашм дар амон нигоҳ дорем.


