Хабарҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон

                                                            Раиси ноҳияи Панҷ

 

                                                                       ҚА Р О Р

 

Аз « 30»  марти соли  2026                  № 165                 н. Панҷ

 

 

 

 

 

                            Дар бораи гузаронидани озмун барои

              ишғоли мансабҳои   холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

         Мутобиқи  моддаи 18-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:    

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

–  сармутахассис –ҳуқуқшиноси дастгоҳи  раиси ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи  Панҷ;

– сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Панҷ;

– сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

–  сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати  шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти   Озодагон;

– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и  Ҷамоати  деҳоти  Озодагон;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти  ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати  деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– сармутахассиси (заминсоз)-и  Ҷамоати  деҳоти Меҳвар;

– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси  Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– сармутахассиси заминсози ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;

-мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида  шавад

          2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.

          3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз  22 декабри соли 2025, №684 аз эътибор соқит дониста шавад.  

 

 

 

 

 Раиси ноҳия:                                                         Иброҳимиён А.К.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *