Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи нерӯи барқ бо роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К ва Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода М.М. бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони маҳаллаҳо, кормандони идораи барқ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия баргузор карда шуд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Усмоналӣ Усмонзода ки дар ҷаласаи кории худ санаи 12.03.2026 баён доштанд аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва мақомоти прокуратура таъкид карда шуд, ки нерӯи барқ дар маҳал самаранок истифода карда шавад. Ба ғайриқонуни ва бе ҳисобкунакӣ барқи нерӯи барқро дар хонаҳо насб накунанд. Сари вақт маблағи истифодаи нерӯи барқро супоранд.Ҷиҳати паст кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷамъоварии он чораҷӯӣ намоянд.

