Month: March 2026
ИФТИТОҲӢ ИНШООТҲО ИҶТИМОӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ.
Имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иншоотҳои иҷтимоиро бахшида ба ҷашни Наврӯзӣ ифтитоҳ намуданд.
БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ПАНҶ РАСОНИДА МЕШАВАД.
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ ( даъвати ҳафтум) рӯзи 31 марти соли 2026 соати 08 00 пагоҳӣ дар толори мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад. 1. Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 20 ноябри соли 2025, ✓543 оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 […]
КӮМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН.
Имрӯз бахшида ба Иди Сайиди Фитр ва Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоат кӯмакҳои пулию молӣ расонида шуд.
СИТОДИ КОРӢ ВОБАСТА БА ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Рӯзи 17 марти соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди корӣ вобаста ба иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Сардори ШВКД дар ноҳия ва расони маҳаллаҳо, имомхатибон,роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар ситоди мазкур муовини […]
Имрӯз тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади танзими нархҳои маҳсулотҳои ниёзи аввалия ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Имрӯз тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади танзими нархҳои маҳсулотҳои ниёзи аввалия ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия,кормандони масъули мақомот, намояндагони маркази бехатарии озӯқаворӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ, нозирони минтақавии ШВК дар ноҳия, масчиди марказии ноҳия ва Ҷамоати шаҳраки Панҷ бо соҳибкорон, директорони бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида […]
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКУ ҒАЙРИҚОНУНИИ ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ.
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи нерӯи барқ бо роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К ва Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода М.М. бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони маҳаллаҳо, кормандони идораи барқ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия […]
РӮЗИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА МУБОРАК !
Чи тавре,ки ба ҳамагон маълум аст ҳамасола санаи 14-уми март дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи иди касбиикормандони мақомоти прокуратура ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири гиромидошти ин иди касбӣ раиси ноҳия дар бинои прокуратураи ноҳия роҳбарият ва тамоми кормандони прокуратураи ноҳияро табрик намуда онҳоро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони намуд. Иди касбии мақомоти прокуратура […]
