Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд. Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд. Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам. Ҳар рӯз […]
