Санаи 4 феврали соли 2026 вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Раҳмонзода Абдулло бо мардуми ноҳия бобати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ амалӣ намудани ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар вохӯри роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масчидҳо, ҷавонон,занон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Раҳмонзода А. баромад намуда иброз намуд, ки имсол ” Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидааст ҳамаи мора аз хурд то бузург месазад, ки барои ободонии ин диёри зебоманзар саҳмгузор бошем. Аз ободии дару девори худ, роҳҳои маҳаллу деҳа, чароғонкунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохтмони иншоотҳои ичтимоии дар ноҳия дучанд кор кардан лозим аст.
Раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. дар баромади худ қайд намуд, ки бобати иҷрои дастуру супоришҳои пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Паёми имсолашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд ҳамаи мо хурду бузург вазифадор ҳастем, ки онҳоро дар маҳал таъмин намоем.
Ҳамзамон раиси суди ноҳия Сафарзода Д.А. баромад намуда ибрози андеша намуд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия карда шаванд ва ҷавононро ба хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намоянд.
Раиси суди ноҳия аз мардум муроҷиат намуд, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷудошавии оилавиро гиранд. Махсусан ҷудошавии оилаҳои ҷавон. Таъкид карда шуд, ки раисони маҳаллаҳо ва собиқадорон дар маҳал дар байни ҷавонон оиди фарҳанги оиладорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Дар фарҷом раиси ноҳия меҳмононро барои тавсияҳои судманд, пешниҳодҳои муфид ва дастурҳои созанда аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз номи мардуми ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

