Санаи 3 феврали соли 2026 дар асоси Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат вобаста шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум, махсусан раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолон ва ҷавонони ҷамоат вохӯри доир карда шуд.
Дар оғози чорабинии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода баромад намуда қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон манбаи илҳомбахшдиҳанда ба хотири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Ин раванде аст, ки ҳар як шахсро аз хурд то бузургро месазад ки барои ободии манзил, маҳал, деҳа, куча,ҷамоат ва ноҳия камари ҳиммат баста дар ободии диёр саҳми арзандаи худро гузоранд. Бобати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоат таъкид ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дуруст ба роҳ монанд ва нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт таъмин намоянд.
Баъдан прокурори ноҳия,мушовири адлия дараҷаи 1 мӯҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло баромад намуда таъкид намуд, ки талаботҳои Конститутсия,қонунҳои Конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳо меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мардум бе чуну чаро риоя ва иҷро карда шавад.
Ҳамзамон аз мардуми маҳал муроҷиат намуд, ки пеши ҳама гуна қонуншиканиҳо гирифта шавад, махсусан қонуншикани самти замин, яъне худсарона ғасб намудани қитъаи замин аз ҷониби шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, суйқаст ба ҷон дар байни ноболиғону ҷавонон, самаранок истифодабарии нерӯи барқ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгири ҳамагуна амалҳои характери коррупсионидошта дар байни мардум.
Раиси суди ноҳия Сафарзода Диловар Амиралӣ баромад намуда, муҳимияти Паёми Пешвои миллатро дар замони муосир қайд намуди ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон манбаи илҳомбахш ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Сафарзода Д.А. таъкид карда шуд ки дар ҳамбастагӣ бо мардум ва аҳли зиё пеши роҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад.
Баъдан Сардори шӯъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия Муродалиев Диловар Амиралиевич баромад намуда, таъкид намуд ки пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ гирифта шавад. Ҳуввияти мардум баланд бардошта шавад ва аз миллату давлати худ ҳимоят намоянд. Пеши роҳи ҳама гуна таълимоти ғайриқонунии дини гирифта шавад. Мо бояд аз арзишҳои фарҳангиву миллӣ худ ҳимоят кунем.

