Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт: – Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст. Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд. Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати […]
Month: February 2026
БАЧАИ МУАЛЛИМ
Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд. Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд. Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам. Ҳар рӯз […]
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ЗЗ-ЮМИ СОЛГАРДАИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи ҷасорати қисми низомии 0306-и РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисми низомӣ,раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
ТАҚДИМИ КИТОБ ҲАМЧУН ТУҲФА АЗ НОМИ РАИСИ НОҲИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ БА АСКАРИ ШУҶОИ ВАТАН.
Ин китоб ҳамчун рамзи қадрдонӣ аз хизматҳои содиқона ва заҳматҳои шабонарӯзии аскари шуҷои ватан пешниҳод карда мешавад. Бигузор саҳифаҳои он илҳомбахши корнамоиҳои нав, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба Ватан бошад.
