Дар шароити муосир корҳои ташвиқотӣ ва таблиғотӣ яке аз воситаҳои муҳими таъсиррасонӣ афкори ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, ташаккули ҷаҳонбинӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин тақвияти ҳисси масъулиятшиносии иҷтимоӣ нақшаи калиди дорад.
Дар ин замина санаи 20.01.2026 суҳбату вохӯриҳои судманди гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳал ба маҳал”, дар маҳалаи Меҳрубони Ҳасан Ҷомоати шаҳраки Панҷ баргузор карда шуд.

