Санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ,Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ,дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Абдуқаҳор, раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён Акмал Комилзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис аз 7- масала иборат буд.
Баъд аз оғози маҷлис ҳисоботи солонаи 2025-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби Раиси Кумита пешкаши иштирокчиёни гардид. Дар умум оиди ҳама масъалаҳои рӯзномаи маҷлис маърӯзаҳо карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Қосимзода Абдуқаҳор дар баромади худ оид ба нақши ҲХДТ дар ташаккулёбии давлатдорӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлоли суханрони намуданд.
Инчунин Ҳусейнзода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки ҲХДТ нерӯи созандаю бунёдкор, ки ҷалбӣ аҳолӣ ба созандагию бунёдкори таваҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён Акмал Комилзода зимни суханронӣ қайд намуданд, ки мо ҳама якҷо аъзои фаъоли ҲХДТ, тамоми заҳмату талоши худро баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем.

