Санаи 10.01.2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода баргузор гардид. Ҳамзамон дар маҷлис роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ,имомхатибони масчидҳо ва соҳибкорони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар маҷлис тамоми паҳлӯҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

