Санаи 03 ноябри соли 2025 аз ҷониби прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷи 1 Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло ва ёрдамчии калони прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода А.У. вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории оид ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, пардохти ҳаққи истифодаи он, ошкору пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва талафоти беасоси қувваи барқ ва омода намудани таҷҳизоту трансформаторҳои барқӣ баҳри фасли замистонгузарони бо сокинони ноҳия, нозирон ва масъулини Шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ сӯҳбату вохуриҳои судманд гузаронида шуд.
Прокурори ноҳия Зувайдуллозода М.М. дар баромади хеш иброз намуд, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ барои ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноату сармоягузорӣ, ҳамзамон соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аммо мутасифона санҷиш ва таҳлилҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки то ҳол монеаҳо дар ин самт вуҷуд дошта, дуздии қувваи барқ, оқилона ва самаранок истифода нашудани неърӯи барқ, худсарона насб намудани ҳисобкунакҳои барӣ, ноқилҳои барқӣ, бе шартнома бо шабакаҳои барқӣ пайваст намудани неърӯи барқ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ин соҳа ҷой доранд. Бинобар ин, ба хотири ба эътидол овардани вазъи имрӯза, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканиҳо дар соҳаи энергетика, ислоҳоти куллӣ дар мавриди оқилона ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ дастурҳои мушаххас доданд.
Бо ташабуси прокуратури ноҳияи Панҷ овезаҳои махсус бо навиштаҷоти “ Нерӯи барқро самаранок ва сарфакорона истифода баред” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истгоҳои нақлиётӣ, ҷойҳои серодам ва трансфарматорҳои барқӣ овезон карда шуда, корҳои ташфиқотию тарғиботи дар ин раванд идома дорад.

