Пуштибони сулҳу амонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ!
Ҷаҳони муосирро чун бемориҳои вогири ҳалокатовар падидаҳои заҳролуд терроризм ва экстремизм доғдор карда истодаанд. Ин зуҳуроти нангину фалокатбор раванди ҷаҳонишавӣ доранд, ки зиндагии осоиштаву созандаро, солимият ва инкишофи мӯътадили ҷомеаи тараққихоҳро ба маҳлакаи хатарҳои мудҳиш мерасонанд.
Боиси зикру дастгирии комил аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баҳри пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои ҳуқуқиро рӯи кор баровардааст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дарду доғи авзои хору зории миллатро бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 уми асри гузашта дида буд ва он ҳама куштору сӯхтори фарогири зуҳуроти ҳамон терроризму экстремизми нохайрхоҳонаи хориҷӣ буданд, хираду ҳиммати бузурги худро ба муборизаи зидди ин хатари ҷонсӯзу молу ҳолсӯз сафарбар намудааст.
Рушандилона таълим медиҳад, ки муқобилият алайҳи ин падидаҳои номатлуб дар сархати вазифашиносии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд ҷойгаҳ дошта бошад. Сарвари ояндабини давлат борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб ва назари инсондӯстона надорад. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва таҳрибкор аз вазъи бепарвоёнаву бетарафии ин ё он халқу давлат истифода бурда бештар фаъол мегарданд. Махсусан ифротиёни динӣ пайи мақсадҳои муғризона аз дини мубини поки ислом сӯистифода мекунанду ба сари ҷамъияти осудаманди аҳолӣ иғвову дасисаву иқдоми ифротӣ мепошанд, то ба мақсадҳои нопоки худ бирасанду пулу сарвати афзуни нохайрхоҳонаи тундгарои бегонаву дохилиро ба даст дароварданд.
Мардуми шоистаи кишвари азизи Тоҷикистони мо хунрезиву маргу хонасузиву ғарибуфтодагии солҳои 90 уми асри гузаштаро ҳанӯз фаромӯш накардаанд ва оқибатҳои фоҷиабори он набарди бародаркуш фаромӯш шуданӣ нестанд.
Дар ноҳияи Панҷ ҳанӯз фарёду фиғони мусибатрез бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар гӯшҳо садо медиҳад, дар чашмҳо метобад ва дар дилҳо шӯълаи сӯзанда мерезад. Ва ин мардум сахт дар ҳушу ёд гирифта ва миннатдору сипосгузоранд аз он иқдомоти ҷавонмардона, ҷасурона, ватандӯстона, меҳрубононаи сарвари мамлакат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷону сару тан нагуфта, ба сарзамини ҷангзадаи аловрези Афғонистон сафар карда дасти ҳамватанони гурезаи дарбадари иҷбориро гирифта ба Ватан, ба хонаву дари аҷдодӣ бозовард. Шоҳидон нақл мекунанд, ки аксар деҳу диёри ноҳия ба чулу харобазори беодам табдил ёфта буд. Баъди он, ки бо ибтикори қаҳрамононаи Пешвои миллат халқи офатзада ба остонаи бобоии худ баргардонида ҷо ба ҷо карда шуданд дар паҳнои замини ин гӯшаи Ватан аз нав ҷунбиши созандагӣ ободонӣ оғоз шуд ва боғу чамани гулрезу шаҳдогин шукуфтан кард, зиндагӣ ба маҷрои наву созандагии нав роҳ кушод. Дар сафарҳое, ки Пешвои миллат ба хабаргиву раҳнамоии мардуми шаҳру ноҳияҳо қадам ранҷа менамоянд, ҳазорон ҳазор сокинони ин диёр ба Сарвари муаззами худ сипосу миннатдории самимона изҳор менамоянду шукри сулҳу амониву созандагӣ ба ҷо меоваранд. Шукронаи дигарбора соҳибватану соҳибмулк шуданро мекунанд.
Бо ҳамин шӯълаи садоқату вафодорӣ, дустдориву азиздоштии Пешвои муаззами миллат, мардуми шарафманди ноҳияи Панҷ пайи амалӣ гардонидани нишондодҳои ” Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021 – 2025 “бо ҳам дар атрофи сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи ин диёр дастобадаст муттаҳид шуда, сабақи талху низоъҳои яроқнокро омӯхта, қиммати ба ҷон баробари Сулҳу Ваҳдату Истиқлолият ва Ватанро бо меҳри дили оташин ҳифз месозанд.
Амали муҳиме, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва муҳофизати оромиву осоиши Ватан карда истодаанд, ин аст, ки рӯҳу ғайрати покизаи ҷавонон – созандагони ояндаи Ватани сулҳу амониамонро беолоиш нигоҳ дошта, меҳри Ватандорӣ ва садоқати он ба таълимоти зиндагисози Президенти маҳбуби кишвар қавӣ гардонида шавад,
Бо мақсади роҳандозӣ намудани нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Точикистон ” ва дигар рӯйдодҳои ифротиву иғвоангезӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон шӯрои собиқадорон, дин ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, мудом мавриди тадбирҷуӣ ва андешидани чораҳои пешгирии он мебошанд. Дар асосии нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳилаи нави бурдани корҳои ташвиқотӣ тарғиботӣ бо усули хона ба хона ва деҳа ба деҳа инчунин мактаб ба мактаб оғоз гардида муқаррароти Стратегияи мазкур банд ва банд ба аҳолӣ фаҳмонида дода мешавад. Барои пешгирӣ ва қатъиян роҳбанд намудани нақшаву амалҳои терроризму ифротгароӣ маҷмӯи чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва фарҳангӣ низ таҳия ва омода шудааст, зери шиори “Ваҳдат мароми мост” ки кормандони бахши фарҳанги ноҳия масъули ин чорабиниҳо мебошанд.
Дар робита бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ диққатиу эътибори ҷиддӣ ба камолоти маънавии ҷавонон нигаронида мешавад. Зеро маълум аст, ки солҳои охир созмонҳои экстремистиву террористӣ ҳадаф доранду манфиатхоҳанд, ки ба сафҳои худ бештар ҷавонони соддалавҳу сустиродаро ҷалб созанду таввасути онон ғаразҳои манҳуси худро амалӣ созанд. Аз ин лиҳоз мо зарурати иштироку ҳамкории фаъолу муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро дуруст ба роҳ монда, бо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ тасмим гирифтем идроку рӯҳу амали ҷавононро аз ҳар гуна амалҳои фоҷиабор дур нигоҳ дорем.
Азбаски ноҳияи Панҷ минтақаи сарҳадист ва ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ афтодани шаҳрвандон алалхусус ҷавонон имкон дорад, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, масъулияти баланди ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои Сулҳу Ваҳдату Истиқлолияти Ватанро ҳамаҷониба шӯълавар созем. Мубориза алайҳи терроризму экстремизм бояд вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту озодипарасти ҷомеа гардад. Мо бояд тамоми ҳастӣ нерӯ ва заковати худро пойбанди ҳамин масъулият намоем, саҳмгузори боғайрат ва бонангу номус бошем, дар раҳи муҳофизати Сулҳу Ваҳдат, озодиву амният ва фазои созандагии Тоҷикистони азизамон бошем.
Дар зеҳну умеду амалу ақли солими ҷавонони Ватан нерӯи пурзӯри пуштибону муҳофизони сарзамини муқаддас ва мардуми шоистаи онро илқо намоем!
Муовини раиси нохияи Панҷ :
Гадозода Паймона Набот