Сиёсат

Терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он

  Террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад (Эмомалӣ Раҳмон)   Яке аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоии замони муосир ин вусъат ёфтани фаъолияти ташкилотҳои манфиатхоҳу тундрав ба монанди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Дигаргуниҳои калони дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба амал омада, мамлакати моро ба душвориҳои сангин дучор сохт ва боиси […]

Хабарҳо

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

  28 июни соли 2025 иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ  (даъвати ҳафтум) баргузор гардид, ки дар он роҳброни ноҳия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибҳо ва  дигар фаъолон иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: -рафти иҷрои […]

Хабарҳо

Волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ зери назорати прокуратура қарор дорад

  Мақомоти прокуратура дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақоми хоссаеро дорост, ки  иҷрои талаботи қонунгузориҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҳамеша  зери назорати он мебошад. Прокуратураи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, […]

Кишоварзӣ

Корхои кишоварзиро вусъати тоза бахшем!

  30 майи соли равон  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия А.К.Иброҳимиён, муовини якуми раиси вилояти Хатлон  М.Мирзозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибҳои масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои калони деҳқонӣ  ва дигар фаъолон  ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А,К. ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои онро  […]

Сиёсат

БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ!

  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 34-солагии онро дар фазои суботи сиёсии […]

Сиёсат

Ваҳдат – асоси пешрафту шукуфоӣ

  (ба ифтихори 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикситон)   Мусаллам аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ чун ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва дигар ҷумҳуриҳои бародар, соҳибистиқлол гардид. Вале хиёнаткорону  тафриқаандозон,  албатта, нияти соҳибдавлату соҳибихтиёр будани Тоҷикистонро намехостанд, мудом саъй мекарданд, ки […]

Сиёсат

Тундгароии динӣ ва гумроҳӣ

  Тундгароии  динӣ  дар доираҳои  алоҳида  таҳти  номҳои гуногун ва дар шаклҳои   мухталиф  дар ҷомеаҳо аз замонҳои гузашта зуҳур карда, то инҷониб омада  расидааст. Мақсади муосири  тундгароии динӣ барҳам додани  таъриху фарҳангҳо ва  маданияти  башарият аст ва он аз хушунат бераҳмона ҳам гузаштааст. Қисмҳо, ҷиходҳо, тафруқаҳои мазҳабӣ, ихтилофоту ситезаҳои динии сиёсиолуда, ҷангҳои  шадид, зулму шиканҷа, […]

Экология

Тағйирёбии иқлим пайомадҳои нохуш дорад

  Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти  таҳдидовари Сайёра маҳсуб меёбад. Аслан, чунон  ки  иқлимшинсону коршиносон пайваста таъкид мекунанд, гармшавии глобалии Замин раванди табиӣ буда, ҳарорати умумӣ торафт тағйир ёфта истодааст. Дар зарфи якуним асри охир суръати гармшавии Сайёра аз сабаби вусъат ёфтани пешрафти техника ва сӯхтани навъҳои […]

Фаъолияти Шӯроъ Хабарҳо

Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия

  9-уми июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар он  аъзоёни Шӯро, котиботи он, роҳбарону кормандони муассисаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳо, кормандони шабакаи барқи ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Ҷаласаи Шӯроро прокурори ноҳия М.Зувайдуллозода ҳусни кушоиш […]

Сиёсат

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм-омили муҳими амнияти миллату давлат

  Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он кормандони прокуратураи ноҳия, ҳайати котиботи Шӯро, раиси суд, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, сартабиби […]