Ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳои бузурги иллмию фарҳангӣ, ҳамчунин барои ҷомеаи башари таҳдиду хатарҳоро ба бор овардааст, ки метавон онро хатари воқеъи дар баҳои миллатҳо ва арзишҳои миллию фарҳангии онҳо номид. Яке аз ин хатарҳо, ифротгароӣ ва шакли ниҳоию амалӣ ва даҳшататовари он терроризм мебошад. Дар кишвари мо бинобар тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгири намудани ин падидаи номатлуб, фаъолияти онҳо коста шуда бошад ҳам, моро зарур аст, ки нисбати ин таҳдиду хатарҳо бетафовут набошем. Аксари мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошад ва ин гӯруҳои ифротӣ номи муқаддаси исломро барои рупуш намудани ғаразу мақсадҳои нопоки худ насб намудан ва худро риёкорона ҳамчун ғамхор ва ҳомии дини мубини ислом ҷилва медиҳанд.
Муттассифона дар баъзе мавридҳо ҷавонони мо, ки аз нақшаҳои паси пардагии онҳо ноогоҳан бо онҳо ҳамовоз мешаванд, пас метавон гуфт, ки хатарноктарин шакли ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир ин ифротгарои дини мебошад. Дар ин мақола мо кушиш намудем дар бораи хостаҳои дини мубини ислом аз инсон, мухолифати ин хостаҳо бо тафаккури гурӯхои ифротгарои дини ва хатарҳои он изҳори андеша намоем.
Худовванд дар авали сураи «Нисо» мефармояд: Эмардум аз он парвардигоратон тақво намоед, ки шуморо аз як нафс офарид ва аз он ҳамсарашро низ ба вуҷуд овард ва аз онҳо мардону занони бисёреро дар рӯи замин паҳн намуд. Қуръони карим дар ин оят яке аз усули эътиқодии ислом, яъне баргашти занҷираи насли одамро ба як нафс (Ҳазрати Одам) ҳушдор медиҳад ва дар замири инсон ангезаҳои худшиносӣ, башардӯстӣ, ваҳдат, ҳамзистии осоишта, ҳамкории судманд, раҳму шафқат, эҳтироми ҳамдигарӣ ва дар умум отифаи нек ва ахлоқи ҳамидаро бедор мекунад, ва ба анҷоми он фаро мехоҳад. Дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» гуногуни миллатҳо ва арзишҳои миллӣ онҳоро эълон менамояд. Мутаасифона ҳамаи ин арзишҳои волои қуръонӣ барои гурӯҳҳои ифротгароии динӣ бегона мебошад.Онҳо аксаран саводи комили динӣ надошта, таҳсили дурусти динӣ нагирифтаанд. Меъёрҳо ва мафҳумҳои диниро ба таври фаҳмишии тангу торики худ ва роҳбарони созмонишон эътироф ва қабул мекунанд. Уламои мӯътабари исломро инкор намуда онҳоро ба ҷаҳлу нодонӣ нисбат медиҳад. Ҳар фарди мусулмони муасилро, ки андешаи у бо фаҳмиши тангу маҳдуди онҳо созгор нест, ӯро кофир, мушрик, фосиқ, ба осонӣ ҳукм мекунанд ва ин терминҳои асоси нутқи онҳоро дар бар мегирад. Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дуняви эҳсоси бадбинӣ ва нафрат доранд. Онҳо нисбати арзишҳои миллӣ ва фарҳанги худ эҳтиром надошта онҳоро фитнаангезона дар муқобили фарҳанги исломӣ тобиш медиҳанд. Дар тафакури як шахси ифротӣ, тамоули бегонашавӣ аз асолату ҳувияти худ ҷой дошта дар лаҳзаҳои барояш муносиб омода аст барзидди асолату ҳувият ва давлату миллати худ бераҳмона ба мубориза бархезад. Хатари ҷиддитари гурӯҳҳои ифротӣ ин ташкил ба ном «Хилофати исломӣ» мебошад. Баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз он ҷумла ДИИШ ҳизби «Таҳрир» ва ғайра ин даъвоҳоро дар барномаи созмондиҳии худ ошкоро эълон мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ТЭТ ҳизби назҳати ислом ин мақсадҳои фитнаангезро дошт. Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, ТЭТ ҲНИ бо пуштибонӣ аз хоҷагони хороҷиаш кӯшиш намуд, ки дар кишвар исломи анъанавиро ба исломи бунёдгароиисиёсикунонидашуда, табдил дода ҷомеаро тибқи талаботи исломи бунёдгароӣ роҳнамоӣ кунад. Баъди оне ки идеяи онҳо аз тарафи мардуми Тоҷикистон эътироф ва қабул нагардид, онҳо ҷомеаро ба ҷанги шаҳрванди кашониданд ва дар ин мубориза ноком гаштанд. Наҳзатиҳои ҳувиятгумкарда агарчӣ дар зоҳир худро ҳизбӣ динӣ ва ғамхори халқ муарифӣ кунанд, аммо дар андешаву кирдор ҳар лаҳза омодаанд хонаи ҳар тоҷикро ғамхона созанд.
Гарчанде адеяи ташкили «Хилофати исломи» ё давлати исломи чи аз ҷиҳати шаръию мантиқи ва чи аз ҷиҳати эътиқодию амалӣ як тафаккури бесубот ва ноком аст, вале метавонад истиқлолият ва фазои сулҳу суботи бисёри кишварҳо ба хусус кишварҳои мусулмоннишинро халалдор созад. Дар охир бояд қайд намуд, ки хатару таҳдидҳои гурӯҳои ифротию террористӣ на танҳо ба давлат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар яки мо равона карда шудааст. Бинобар ин мубориза бо ин гурӯҳо ва пурра маҳву нобуд кардани онҳо фақат вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки қарзи имонию инсонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ва чун аксари ин гурӯҳо даъвои ботили дину диёнат мекунанд, имомхатибон ва дигар ходимони динро зарур аст, ки дар ин мубориза масъулияти бештаре эҳсос намуда даъвои дуруғуни онҳоро ба ҷомеа ифшо созанд.
Мудири бахши дин: Д.Давлатхоҷаев