Сиёсат

Хиёнат ба Ватан

 

Хиёнат ба Ватан ин аҳдшиканӣ ва ҳамкорӣ бо душманон аст, хиёнат ин бевафоӣ, қадр, норостӣ, макру фиреб мебошад.

Хиёнат ин ба Ватан худ бевафоӣ кардан ва аҳдшиканӣ мебошад.Хиёнат ба Ватан бадтарин амалест, ки  дар  он фард манфиатҳои  миллӣ  ва амнияти кишварро ба хотир меандозад.

Ин амал метавонад шомили ҷосузӣ, фош кардани сиру асрори  давлатӣ, ҳамкорӣ бо душманон  ва ё ҳар иқдому амале, ки пояҳои давлатро заиф мекунад.

Хиёнат ба Ватан, гуноҳи бузургу нобахшиданист ва қонунгузори  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷодаҳои  сахту  сангинро  дар  бобби  хиёнат  ба Ватан пешбинӣ  кардааст.

Таърифи  хиёнат ба Ватан,  ҳар иқдому ҳаракате,  ки  ба зарари манфиатҳои  миллӣ  ва амнияти  кишвар бошад, хиёнат  ба Ватан гуфта мешавад.

Навъҳои  хиёнат ба Ватан  ин ҷосузи  фош кардани  маълумоти  махфии кишвар  ба бегонагон. Ҳамкори  бо душман, кӯмак  кардан ба душман дар замони ҷанг  ё  сулҳ.

Ташвиқ  ба  шуришу балво ва пора-пора кардани кишвар  (Таъзия)          кушиши барҳам задании  Ваҳдати миллӣ  ва  таъзияи  кишвар, ва Сарнагунсозӣ  талоши  сарнагун сохтани  Ҳукумат ва барқарорсозии  ҳукумати  дигар, Хароб кардани  молу  мулки  ҷамъиятӣ, осеб расонидан ба зерсохторҳо ва дороиҳои кишвар.

Паёмадҳои  хиёнат ба Ватан, ҷодаҳои сангине монанди ҳабси обод бо мусодираи молу мулк пешбини шудааст.

Осеб ба амнияти миллӣ ин хиёнат ба Ватан ва осеби ҷиддӣ ворид кунад ва боиси ноамонӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардад.Хиёнат  ба Ватан  метавонад ба иқтисодиёти  кишвар осеби  ҷиддӣ  ва  боиси рукуди иқтисоди шавад.

Чаро хиёнат маҳкум аст, чун, ки ҳар фарди Ватандусту бедор, худшиносу худогоҳ ва давлатмеҳрвар  бояд, ба кишвари худ ишқ биварзад ва манфиатҳои миллӣро дар авлавият  ва  афзалият  қарор диҳад.

Масъулияти иҷтимоӣ  ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баробари кишвару миллатӣ худ масъулият  дорад ва  бояд дар ҳифзи амният ва манфиатҳои  миллии кишвар кӯшо бошад.

Ояндаи  мамлакат, касе, ки  ба Ватани худ хиёнат  мекунад метавонат ояндаи  давлату миллатро  ба хатар андохта, наслҳои  ояндаро  таҳти  таъсир қарор диҳад.

Хиёнат ба Ватан гуноҳи бузург ва нобахшиданист. Ҳар фаде, ки ба кишвараш хиёнат мекунад бояд бидонад, ки оқибатҳои сахту сангине дар интизори  ӯст ва бояд посухгӯйи амалҳои  худ бошад.

 

Муовини раиси ноҳияи Панҷ:                       М.Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *