Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз « 16 » июни соли 2025 № 165 н. Панҷ |
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– мудири бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассисси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассисси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
-сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассисси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассисси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Намуна.
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;
-мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти
Раиси ноҳияи Панҷ: Иброҳимиён А.К.