Сиёсат

Терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он

 

Террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад (Эмомалӣ Раҳмон)

 

Яке аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоии замони муосир ин вусъат ёфтани фаъолияти ташкилотҳои манфиатхоҳу тундрав ба монанди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Дигаргуниҳои калони дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба амал омада, мамлакати моро ба душвориҳои сангин дучор сохт ва боиси сар задании ҷанги таҳмилӣ гардид, ки дар натиҷа 150 ҳазор  шаҳрванд ба ҳалокату бесару сомон шуд. Оқибатҳои он ҷанг то ҳол эҳсос шуда, аз хотираҳо дур нарафтаанд.

Бори нахуст истилоҳи экстремизм дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омад. Бинобар  оқибатҳои нохуши ин зуҳуроти хавфовар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  якчанд маротиба санадҳои муҳим  ҷиҳати  муқовимат бо ин падидаҳо қабул карда шуд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили  экстремизм чунин омадааст: «Экстремизм – ин  зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  баён кардани шаклҳои низоми ҳаракат, ки ба муташанниҷ гурдонидани вазъият, тағйир додани сохти конститутсионӣ,  ғасми ҳокимият ва аз худ кардани салоҳиятҳои он, афрӯхтани ҳисси бадбинии нажодӣ, адолати иҷтимоӣ ва динӣ мебошад».

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ба сари ҷомеа таҳдидкарда истодаи терроризм ва экстремизмро  хуб дарк карда, баҳри решакан, пешгирӣ ва муқовимат кардан ба ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххас меандешад. Тибқи  маълумотҳои коршиносон имрӯзҳо беш аз 24 гурӯҳи ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни манфиатхоҳ, тундрав, фитнаангез дар ҳар гӯшаву канори дунё, зери ҳимоя ва сарпарастии давлатҳои манфиатхоҳ фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумлаи ин гурӯҳу ҳизбҳо «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби исломии Узбекистон», «Лашкар-ут-Тайба», «Ҷамоаи исломии Покистон», «Ҷамъияти таблиғ», «Туркистони озод», «Салафия», «Ҳаракати толибон», «Гурӯҳи  24», «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ), «Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҷабҳат-ат-Нусрат», «Гурӯҳи Ансуруллоҳ» мебошанд. Як қисми ин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки  бо кишвари мо 1344 км хати марзӣ дорад, паноҳ бурдаанд ва мақсадҳои нопоку ғаразноки худро бо роҳи қатлу ғоратгарӣ амалӣ намуда истодаанд. Аксарияти ин гурӯҳҳо хатмкардагони мактабҳои динии Покистон, Сурия, Яман, Аморати муттаҳидаи Арабии Сурия ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Маълум аст, ки онҳо дар кадом рӯҳия тарбия гирифтаанду ба чи корҳо қодиранд, ҳадафи ягонаи онҳо аз чӣ иборат аст кай ва ба куҷо ҳамла кардан мехоҳанд. Хавфнокаш ин аст, ки беш аз 3000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви фаъоли ин созмонҳои террористӣ мебошанд.

Аз ҷумлаи онҳо 1300 нафар аъзои гурӯҳи  ДИИШ, ки аз ин шумора 300 нафар кушта шуданд, 147 нафар аз кирдори кардаи худ пушаймон ба Ватан баргаштанд, 780 нафари дигар ба давлатҳои Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои  ифротиву террористӣ шомил гардида, ҳоло ҷангида истодаанд ва онҳо айни замон дар кофтукоб ҳастанд. 85 фоизи гурӯҳи ДИИШ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ба ҳисоб рафта, аз онҷо ба тариқи фиребу ташвиқотҳои бардурӯғ гумроҳ шуда, ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафтанд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати аз тариқи ҳуқуқӣ асоснок кардани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм 16.11.1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили терроризм» ва 21.11.2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба экстремизм»-ро  қабул карда, инчунин «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм»-ро роҳандозӣ намуда истодааст.

Зикр кардан зарур аст, ки онҳое, ки  гӯё аз кардаи худ пушаймон шуда ба Ватан баргаштаанд, оё дар ҳақиқат пушаймонанд ва ё бо мақсадҳои дигари ғаразнок баргашта бо ҳаммаслакони ватании худ пайваста боз даҳшатҳои дигареро ба амал бароварданианд?  Ин суол  ҷавоби ҳақиқиро тақозо мекунад. Агар онҳо дар ватан пайравони ҳақиқии худро ёбанд ва бо роҳбарони дар кишвари дигар будаи худ робита карда, даҳшатҳои дигареро ба бор оранд, ба  чӣ рӯзҳои сахте боз рӯ ба рӯ шуданамон эҳтимол дорад.

Ин андешаҳо моро водор месозанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи дурусти ватанпарварӣ тарбия намоем, то онҳо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳиллаю найрангу фиребу ваъдаҳои беасоси пулу мол ба даст овардани ин турфаи хоинонро бовар накарда, дар пайи омӯзиши илму ҳунар ва луқмаи ҳалол бошанд. Дар ин самт саҳми насли калонсол, волидайн, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои зиёӣ  мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон бештар кор баранд, суҳбатҳои судманд барпо намоянд, намоишҳои ибратомӯзро пахш кунанд ва ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят фармоянд, то ки онҳо ба доми фиребу ташвиқоти ҳеҷ гуна гурӯҳҳои ифротиву террористӣ наафтанд. Ин бояд мақсаду мароми ҳар як шахси фарҳангиву маърифатӣ бошад.

Раҷабзода Мизроб, Муовини соҳаи идеологии раиси ноҳияи Панҷ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *