Кишоварзӣ

Корхои кишоварзиро вусъати тоза бахшем!

 

30 майи соли равон  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия А.К.Иброҳимиён, муовини якуми раиси вилояти Хатлон  М.Мирзозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибҳои масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои калони деҳқонӣ  ва дигар фаъолон  ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А,К. ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои онро  тавзеҳ дод. Баъдан муовини якуми раиси вилоят муҳтарам М.Мирзозода ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзии имрӯза  ибрози андеша намуд. Мавсуф қайд кард, ки  дар ҳолати имрӯза сари вақт  ва хушсифат иҷро кардани нақшаи андоз, истеҳсоли пила, ба анҷом расонидани кишти пахта тибқи дурнамои он, нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва коркарди хушсифати майдонҳои пахтазор, мубориза алайҳи ҳашароти зараровари малах дар минтақаҳои хурӯҷи  он, кишти такрории  зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои холишуда, ба анҷом расонидани дарави ғалладонагиҳо  ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ  аз масъалаҳои муҳимтарини  имрӯза ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин ҳар яки роҳбарон  ва сарварони  хоҷагиҳои деҳқониро  зарур аст, ки  дар ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур саҳми  худро гузоранд ва ҳамеша дар мадди назари онҳо бошанд.

Муовини якуми раиси вилоят  М.Мирзозода  таъкид намуд, ки дар самтҳои болозикр  камбудиҳою нуқсонҳои ҷиддӣ  ҷой доранд, ҳар чӣ зудтар  ислоҳу бартараф намудани онҳо ва таъмини  раванди  корҳои кишоварзӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як фаъоли ноҳия мебошад.

Дар фарҷоми ҷамъомад раиси ноҳия  муҳтарам Иброҳимиён А,К. чорабиниро  ҷамъбаст намуда, ҷиҳати  пешрафти босуръати кор ва вусъати тоза бахшидан  ба корҳои кишоварзии имрӯза  дастуру супоришҳои ҷиддӣ дод.

      Н.Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *