Хабарҳо

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

 

28 июни соли 2025 иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ  (даъвати ҳафтум) баргузор гардид, ки дар он роҳброни ноҳия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибҳо ва  дигар фаъолон иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

-рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз  15 июли соли 2024, № 854 дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, № 376 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2022, №533 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027»;

-ҳисоботи раиси Кумитаи заминсозии ноҳия оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва таъмини иҷрои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия;

-дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияҳои якум то иҷлосияи дуюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

Дар иҷлосия аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома муовини раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии №23 Гадозода Паймона Набот гузориши муфассал дод. Дар гузориш аз қайд гардид, ки бо вуҷуди амалӣ намудани қисме аз нишондодҳои нақшавӣ дар самти иҷрои талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ҳанӯз баъзе нуқсону камбудиҳо ҷой дорад. Аз ин рӯ масъулини соҳаро лозим меояд, ки вобаста ба иҷроиши талаботи бандҳои барномаи мазкур имониятҳои мавҷударо самаранок истифода баранд. Таъкид карда шуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, инчунин дигар шахсони масъулро зарур аст, ки роҳҳои ҳалли мушкилот ва бартараф кардани камбуду нуқсонҳоро  дарёфт намуда, рушди минбаъдаи соҳаи маорифи ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддии муассисаҳои таълимиро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва пайдокарда таъмин намоянд.

Муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама бо муаллимони фаннӣ, ба хусус омӯзгорони фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмин карда шуда, сифати таълиму тарбия ба дараҷаи талаботи рӯз баланд бардошта шавад. Таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо асбобу ашёи хониш, воситаҳои техникӣ ва ёрирасони таълим, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, утоқҳои озмоишӣ, компютерҳо пайваста амалӣ гардонида шавад. Дар ин замина омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ҷорӣ карда шуда, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ чукур омӯхта шавад.

Имрӯз дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ норасоии синфхонаҳо, мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ба назар расида, зарурати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ пеш омадааст ва ин норасоиҳо бояд бартараф карда шаванд.

Иҷрои Барномаи  болозикр, нишондодҳои нақшавии он танҳо ба хотири пешрафти кор дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти соҳаи маориф ва такмили минбаъдаи таълиму тарбияи насли наврас нигаронида шудааст.

Пас аз гузориш аз масъулини соҳа ва мутасадиёни он ҷиҳати пешрафти кор ва  роҳандозӣ намудани нишондодҳои Барномаи мазкур раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. пурсиш ба амал овард. Сипас аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома дар иҷлосия қарори дахлдор қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома ҳисоботи раиси Кумитаи идораи замини ноҳия оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва иҷрои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия раиси Кумитаи идораи замини ноҳия С.Гурезов баромад кард, ки дар он пурзӯр намудани фаъолияти кормандони ин коргоҳ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба хотири пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар иҷрои талаботи Кодекси замин, бартараф кардани камбуду нуқсонҳо таъкид карда шуд. Баъди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур иҷлосия дар ин бобат қарори мушаххас қабул кард.

Дар иҷлосия қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияҳои  якум то иҷлосияи дуюм (даъвати ҳафтум)-и  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон А.Нурализода дар иҷлосия иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. кори иҷлосияро ҷамъбаст карда, изҳор намуд, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар якҷоягӣ бо роҳбарону фаъолон қарорҳои  иҷлосияи имрӯзаро иҷро намуда, камбуду нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф менамоянд ва дар истиқболи ҷашни 35-умин солгарди  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризи худро хоҳанд гузошт.

П.Нуров,  Д.Амирзода,  Ш.Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *