Сиёсат

Ваҳдат – асоси пешрафту шукуфоӣ

 

(ба ифтихори 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикситон)

 

Мусаллам аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ чун ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва дигар ҷумҳуриҳои бародар, соҳибистиқлол гардид. Вале хиёнаткорону  тафриқаандозон,  албатта, нияти соҳибдавлату соҳибихтиёр будани Тоҷикистонро намехостанд, мудом саъй мекарданд, ки ба сари миллати  кӯҳандиёри  тоҷик, мусибате  оваранд ва Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз берун тарҳрезӣ гардида буд, фаро бигиранд.

Он замон, кишвари Тоҷикистон  ба як кулбае шабоҳат дошт, ки аз дохилу берунаш оташи ҳасаду кинаи нотавонбинону душманони  миллат забона мезад. Аммо хомӯш намудани ин аланга, майлу қудрати бузург ва ҷаҳонбинию кордонии басо калонеро талаб мекард.

Мушкилоти як бурда нон ҳам тамоми сокинони шаҳру  ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанберо маъюс карда буд.

Дар ин ҷанги бемантиқ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон бераҳмона қатл шуданд. Беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ гуреза ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба Афғонистон гуреза шуданд. Наздики 55 ҳазор нафар кӯдак ятим монд. Даҳҳо ҳазор оилаҳо бесаробон гаштанд ва  дар натиҷа, хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба миён омад.

Барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркӯш, барои раҳо намудани миллати кӯҳанбунёд аз ин фоҷиаи бузург ва барои нигоҳ доштани якпорчагии  Тоҷикистони соҳибистиқлол як неруи бузурги ваҳдатовар зарур шуда монд. Лозим  буд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи он даҳшат, яъне хатари воқеан аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик гирифта шавад.

Хушбахтона, Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, саҳифаи наверо дар китоби таърихи миллати тоҷик боз намуд.  Дар он намояндагони мардумии шаҳру ноҳияҳои кишварамон фаъолона иштирок намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб намуданд. Ҳамчунин дар баробари он, ваколатдори Сардории давлатро ба он кас супориданд.

Сардори давлати тоҷикон, зимни интихоб гардиданаш иброз дошт:

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар оила ва дар ҳар хона барқарор кардани сулҳу салоҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷонамро нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам»

Албатта, ӯ бо чунин суханони самимонаю устуворонааш дар дилу дидаҳои  хурду  бузурги мардуми кишвар шуълаи умедро фурӯзон кард ва воқеан ҳам фаъолияти ваҳдатсозии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Маҳз дар хамин Иҷлосияи  ХУI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Қарор ба қатъ гардидани хунрезӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини сулҳу салоҳ қабул гардида, заминаҳои нахустин оштии миллӣ гузошта шуданд.

Бояд зикр кард, ки бо заҳмату талошҳои пайгирона ва исроркунандаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, гуфтушунидҳо миёни тоҷикон оғоз гардид. Ҳамаи гуфтушунидҳо бо иштироки намояндагони як қатор мамлакатҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардиданд.

Зимнан давраи аввалини гуфтушунид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои  мухолифини тоҷик, санаи 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ки он 14 рӯз тӯл кашид.

Минбаъд чунин гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Теҳрони Эрон,  Исломободи Покистон,  Кобулу Таххори Афғонистон, Алма-Атои Қазоқистон,  Ашхободи Туркманистон ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардида, ҷонибҳо то рафт бештар ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат наздик мешуданд.

23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москва, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба миёнаравии намояндаи Муншии умумии Созмони Милали Мутаҳид Г.Меррем баргузор гардида, дар хотимаи он Созишнома ба имзо расонида шуд, ки дар он тарафҳо изҳор доштанд:

«Бо дарназардошти он, ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул намуданд, ки барои ҳамин  давраи  гузариш, комиссияи оштии миллӣ таъсис намоянд».

Пас аз ба имзо расидани Созишнома ва Протоколи мазкур Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музокирачиён  иброз доштанд, ки: «Ватан – Модар яктост – Тоҷикистон яктост. Ватанро наметавон ба қисмҳои ҷудо намуд. Балки онро бояд дӯст дошт ва обод кард! Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки ба Ватан бозгардед. Мамлакат, манзил, хешу ақрабо ва волидайну фарзандон ва ҳамаи аҳли диёр, пазмону нигарони баргаштани шумо мебошанд. Имрӯз зиндагӣ аз нигоҳи маишӣ ва маданӣ ниҳоят душвор аст. Онро ҳамаи мо дар якҷоягӣ бо кумаку дастгирии ҳамдигар метавонем беҳбуд бахшем».

Ҳамин тавр, даври охирини гуфтушунид 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар рӯзи 27 июн, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳузури Президенти Федератсияи Россия Борис Николаевич Елсин, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Е.М.Примаков, Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон, Покистон, САҲА, СКИ дар Коҳи Георгевскийи Кремл ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Ҳамин тариқ, гуфтушунид рӯзи 27 июни соли 1997 бо қабул ва ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт.

Ҳамин Қарорҳои дар рафти гуфтушунид қабулнамудаи Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дастгирӣ ёфта, халу фасл гардиданд.

Дар натиҷа, дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза, ризоият ва ваҳлати миллӣ барқарор гардид, ки он асоси оромию осудагии аҳолӣ, суботу пешрафт ва қонунияту тартибот гардид. Аз ин лиҳоз, ҷашни  Ваҳдати миллӣ  яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мо маҳсуб меёбад ва он асоси пешрафту шукуфоии кишвари азизи мо мебошад.

П.Нуров, котиби Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи

                                                                Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *