Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти таҳдидовари Сайёра маҳсуб меёбад. Аслан, чунон ки иқлимшинсону коршиносон пайваста таъкид мекунанд, гармшавии глобалии Замин раванди табиӣ буда, ҳарорати умумӣ торафт тағйир ёфта истодааст. Дар зарфи якуним асри охир суръати гармшавии Сайёра аз сабаби вусъат ёфтани пешрафти техника ва сӯхтани навъҳои гуногуни сузишвориҳои истиғроҷшаванда афзоиш ёфта, консентрансияи газҳои гулхонаӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.
Коршиносону мутахассисони соҳаи иқлимшиносӣ яке аз сабабҳои асосии гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро аз ҳамин газҳои гулхонаӣ медонанд. Ин газҳо дар табиат дар шакли табиӣ зуҳур мекунанд, аммо таъсири манфии инсон боиси афзоиши консентрансияи онҳо дар атмосфера мегардад. Ҳарорати гармиро партовҳои гази карбон, метан, оксиди нитроген ва монанди инҳо таъсир мерасонанд. Ҳамчунин ҳайвонот ҳам ҳангоми ҳазм кардани хӯрок миқдори зиёди метан хориҷ мекунад. Олимон бар он назаранд, ки сабаби дигари гармшавии глобалӣ радиатсияи офтоб ва вулқонҳо мебошанд.
Олимони Донишгоҳи оксфорд, ки ба пажуҳиши ҳамин масъала мащғуланд, таъкид мекунанд, ки гармии шадид ва хушксолӣ ба 90 дарсади аҳолии ҷаҳон таъсир мерасонад ва қобилияти табиатро барои коҳиш додани партовҳои CO2 ба атмосфера халалдор мекунад. Пажуҳиши олимон ба чунин хулосае меорад, ки: «Шумораи хатарҳои шадиди муштарак дар саросари ҷаҳон ба далели таъсири якҷояи гармшавӣ ва коҳиши захираҳои обҳои зеризаминӣ дар сатҳи баландтарини партовҳо даҳ маротиба афзоиш хоҳад ёфт».
Мутобиқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар ҷаҳон 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ, 3,5 миллиард нафар ба шароити пурраи беҳдошт дастрасӣ надоранд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти беш аз 1,2 миллиард нафар таҳдид мекунад. Тибқи маълумотҳои СММ шумораи аҳолии Сайёра то 2050 ба зиёда аз 9 миллиард нафар мерасад ва афзоиши аҳолӣ боиси истеъмоли зиёдтари об мегардад. Агар таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин хел идома ёбад, 50% аҳолии кураи Замин ба мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мешавад.
Яке аз сабабҳои дигаре, ки Сайёраро таҳдид мекунад, ин сӯхторҳо дар минтақаҳои гуногуни табиӣ, дар ҷангалҳо мебошанд. Аз рӯи ҳисобу китоби коршиносон ҳар сол 340 млн гектар замин аз сӯхтор осеб мебинад. Махсусан дар солҳои хушксолӣ, ки боришот камтар мешавад, дар гӯшаҳои гуногуни дунё сӯхторҳои даҳшатафкан зиёдтар мегарданд. Таҳқиқотчиён тағйирёбии иқлимро яке аз омилҳои коҳиш додани рушди устувор медонанд. Ҳамзамон гармшавии Сайёра омили афзояндаи бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳо буда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва ҳатто боиси марги одамон мегардад.
Аслан зарбаҳои иқлимӣ, аз қабили тағйирёбии ҳарорат, боришот, хушксолӣ, обхезӣ, болоравии сатҳи баҳр омилҳои экологию иҷтимоие мебошанд, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва руҳии инсон ҳамеша таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирӣ аз гармшавии глобалӣ давлатҳои пешқадами дунё барои коҳиш додани партовҳои гази карбон ҳадафҳои зиёде мегузоранд, созишномаҳо ва барномаҳои дахлдори давлатӣ ба имзо мерасонанд. Барои он ки гармшавӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ дошта шавад, партовҳо ва газҳои гулхонаӣ бояд то соли 2030 мутобиқи таҳқиқоти коршиносон то 33 млрд тонна бояд кам карда шаванд. Дар ин бобат Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳои дар соҳаи иқлим» баромад карда, изҳори назар намуданд. Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати оби ошомиданӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳодҳои гуногуни худро гузарониданд ва дар ин самт Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускор дар тамоми дунё муаррифӣ гардидааст.
Бояд таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалии Сайёра, таъмини оби ошомиданӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби терроризм, экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бартараф кардани хурофотпарастӣ ва тақлиди кӯркӯронаи фарҳанги бегона, такмили фаъолияти зиёиён ҷиҳати тарғибу таблиғи худшиносиву худогоҳӣ ва дигар масоили доғи рӯз бояд ҳамеша дар мадди назари ҳар як меҳанпарсту роҳбару сарвари корхонаю муассисаҳо ва ташкилоту коргоҳҳои ноҳия пайваста ҷой дошта бошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷумҳурии худро аз осебҳои даҳшатноку пурталотуми ҷаҳони муосир ҳифз намоем.
П.Нуров, узви ИЖТ