Сиёсат

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм-омили муҳими амнияти миллату давлат

 

Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он кормандони прокуратураи ноҳия, ҳайати котиботи Шӯро, раиси суд, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, сартабиби беморхонаи марказӣ, менеҷери кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, раиси кумитаи идораи замин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сардори Раёсати молия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, бахш оид ба корҳои дин, сархати ба имомони масҷидҳо, сардори шабакаҳои барқи ноҳия ва дигар масъулини марбут ба масъалаҳои муҳокимашаванда иштирок доштанд.

Дар маҷлиси Шӯро ҳисоботи аъзои Шӯро-иҷрочии калони Хадамоти иҷро Салимзода Н.Ҷ. оиди ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шунида шуд.

Сипас, масъала оиди риоя ва рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасии аъзоёни Шӯро ва иштирокунандагон қарор гирифт.

Вобаста ба ҳамин масъала прокурори ноҳия муҳтарам М.Зувайдуллозода, ёрдамчиии калони прокурори ноҳия Шодизода Т.О., сардори Шуъбаи КДАМ дар ноҳия Муродалиев Д.А., сардори ШВКД дар ноҳия Шамсуллозода Б.С. баромад карданд. Зимни суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки самаранокии баланди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои давлатӣ дар паст намудани хавфу хатарҳои аз экстремизм ва терроризм ба вуқӯъ оянда, масъулиятнокӣ ва мусоидати бевоситаи ҳар як фарди ҷомеа, ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хеле зарурат дорад.

Аз ин лиҳоз, бояд тамоми ақлу заковат, донишу таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ намуда, мардумро аз хавфу хатарҳо эмин созем. Ҳанӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтурам Эмомалӣ  Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паёми худ чунин қайд карда буданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».

Баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо фармони Президенти кишвар аз 19 апрели соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд.

Ҳадафи таъсиси Марказ-баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар паст намудани ҳавфу хатарҳои аз экстремизм ва терроризм бармеомада, пешгирии тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ, нест кардани сарчашмаҳои паҳнкунии хабарҳои сафедкунандаи терроризм, бартарафсозии таъсиррасонии манфии онҳо, инчунин барқарорсозӣ ва офиятбахшии шахсони гумроҳшуда ва гузаштаи экстремистӣ-террористӣ дошта мебошад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳамхӯрдани ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдор гардад.

Ҳамзамон бори дигар таъкид карданд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд: «Бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди террозим ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, қочокӯ муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2011 то инҷониб 125 нафар сокинони ноҳияи Панҷ ба хориҷи кишвар сафар намуда, дар мактабҳои динии давлатҳои хориҷа ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ки дар натиҷаи корбарӣ бо волидайни онҳо 125 нафар ба Ватан баргардонида шудаанд.

Аз шумораи умумии ба таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ҷалбгардида, 37 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, мунтазам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷойи зисташон рафту омад доранд. Аз 82 нафари боқимонда бошад, 76 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуда, 6 нафарашон мувақатан бекор, 2 нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо намуда истодаанд.

Қобили қайд аст, ки дар соли 2023 ва соли 2024 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Панҷ дар ин самт 18 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ, 1 ҳолати ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар манзили истиқоматии шаҳрвандон, 34 ҳолати риоя накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар хусуси аз ҷониби волидайн барои гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ розигӣ додани фарзандони ноболиғи худ ошкор шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, нисбати сокинони ноҳия марбут ба ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.

Аз ин лиҳоз нақшаи амал оид ба амалсозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187  тасдиқ гардидааст, иборат аз 55 банд буда, аз ин бевосита иҷроиши якчанд бандҳо ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вогузор гардидааст.

Стратегияи мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Тибқи Фармони зикргардида ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур дода шудааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва мабалғҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегия чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохили идоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегияи мазкур, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳарчанд, ки бо фармони раиси ноҳия таҳти №1391 аз 12 ноябри соли 2021 Нақша-чорабиниҳо оид ба амалшавии Стратегия дар давраи солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ карда шуда, корҳои зиёд ба сомон расонида шуда бошад ҳам, аммо то ҳанӯз дар ин самти фаъолият камбудию норасогиҳо ба назар мерасанд.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия як масҷиди марказӣ, 6 масҷиди ҷомеъ, 75 масҷиди панҷвақта дар асоси Низомнома фаъолият дошта, ба онҳо сархатиб, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта кор мебаранд. Санҷишҳои гузаронидашуда ошкор намуданд, ки таблиғу фаҳмондадиҳии иҷроиши талаботи Стратегияи мазкур дар бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, қисме аз корхонаҳои дигар ҳанӯз ба талаботи рӯз қаноаткунанда нест ва ба роҳбарони онҳо зарур аст, ки корро  дар ин бобат пурзӯр намоянд ва талаботи Стратегияи болозикрро иҷро кунанд.

Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим меояд, ки дар ин самт фаъолияти худро баланд бардошта, талаботи ҳар як банди Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро иҷро намуда, назорати масъулини соҳаҳои марбутаро вусъати тоза бахшанд, то амнияти мардуми кишвар  таъмин гардад.

 

Шодизода Т.О., ёрдамчии калони прокурори ноҳия

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *