9-уми июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, котиботи он, роҳбарону кормандони муассисаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳо, кормандони шабакаи барқи ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Ҷаласаи Шӯроро прокурори ноҳия М.Зувайдуллозода ҳусни кушоиш бахшида, рӯзномаи онро эълон намуд ва зарурати мавриди баррасӣ қарор додани онро тавзеҳ дод.
Сипас, дар ҷаласаи Шӯро ёрдамчии калони прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Т.О.Шодизода «Дар бораи риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноку сарфаркоронаи оби полезӣ, барқ, пардохти саривақтии маблағи барқу об дар соли 2024 ва нимсолаи аввали соли 2025» гузориши муфассал дод.
Дар гузориш қайд карда шуд, ки истифодаи неруи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт рӯз то рӯз меафзояд ва зарурат ба вуҷуд меояд, ки ба истифодаи мақсадноку сарфаркоронаи он диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамчунин рушди босуръати техникаву технологияи муосир водор месозад, ки мо дар тамоми зинаҳо, аз ҷумла истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодаи барқ тадбирҳои иловагӣ андешем. Ҳамин нуқтаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа кардаашон бори дигар таъкид намуданд. Маҳз ҳамин зарурат буд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мо дар ин бора борҳо ба мардум муроҷиат кардем ва тағйиру иловаҳоро шарҳу тавзеҳ додем.
Ҳамагон хуб медонем, ки рушди соҳаи энергетика яке аз ҳадафҳои стратегии давлатӣ эълон карда шудааст ва бе он вусъат бахшидани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз имконият берун аст. Бинобар ин пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ барои ҳар як шаҳрванд зарур аст ва ҳуқуқвайронкуниҳою қонуншиканиҳо боиси ҷавобагриҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегарданд, ки дар ин бора чандин маротиба таъкид намудем, – изҳор дошт муҳтарам Т.Шодизода.
Прокуратураи ноҳия дар мавриди истифодаи самараноку сарфакоронаи қувваи барқ дар корхонаю муассисаҳо, коргоҳҳо, маҳаллаҳо борҳо санҷишҳои прокурорӣ доир намуда, ҷиҳати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо, ба эътибор нагирифтани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сӯйистифода аз ашхоси масъул ҳангоми қабули маблағҳои истифодабарии барқ, роҳ надодан ба қонуншиканию ҷинояткорӣ дар ин самт пешниҳодҳо, эътирозҳо, амрҳо ба масъулин ирсол намуда ва ҳатто парвандаҳои ҳуқуқваронкунии маъмурию ҷиноятӣ оғоз кардааст. Аз ин сабаб, таъкид намуд ёрдамчии калони прокурор, риоя накардани талаботи қонунҳою ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам бар зарари давлат ва ҳам бар зарари худи афроди қонуншикан мебошад.
Масъалаи пардохти саривақтии маблағи истифодабарии об низ бояд ҳамеша дар мадди назари масъулини самти кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ бошад. Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки оби полезӣ истифода бурда мешавад, вале пардохти маблағи ҳаққи об ба таъхир гузошта мешавад. Истифодабарандагони об бояд хуб дарк кунанд, ки омили асосии рӯёнидани ҳосили фаровон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ об мебошад. Дар ин бобат пардохти маблағҳои саривақтии об муҳимтарин омили фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ аст. Вале бо таассуф изҳор медорам, ки вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ оиди истифодаи самараноки обу барқ камбудию қонунвайронкуниҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки бартараф кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи масъулин мебошад, – таъкид намуд ёрдамчии калони прокурор.
Натиҷаи санҷишҳо ва мушоҳидаҳо аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарият ва масъулини Шабакаи барқ ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Панҷ то ҳанӯз вазифаҳои хизматии худро пурра иҷро накарда омадаанд. Зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдошта ва қонунвайронкуниҳо ҳарчӣ зудтар бартараф карда, барои тибқи қонунгузориҳо ба роҳ мондани фаъолияти худ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва масъулини онҳо бояд фаъолияти худро дар ин самти назоратӣ вусъати тоза бахшанд ва баҳри ошкору решакан намудани чунин ҷинояту қонунваронкуниҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Пас аз гузориш прокурори ноҳия, раиси Шӯрои ҳаморҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия муҳтарам М.Зувайдуллозода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, супориш дод, ки қарори он ба корхонаҳои дахлдор ирсол карда шавад. Кори ҷаласа бо ҳамин ба анҷом расонида шуд.
П.Нуров, Д.Амирзода