Хабарҳо

Ободониву созандагӣ вусъат ёфта истодааст

 

Имрӯзҳо  дар тамоми мавзею маҳаллаҳои ноҳия ба шарафи истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва тозакориҳо вусъати тоза гирифта истодааст. Мардум ба хубӣ  дарк мекунанд, ки тозагию озодагии муҳити зист яке аз омилҳои асосии саломатии инсон ва хушбахтии он мебошад. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳои маҳалла ва корхонаю ташкилотҳо, муассисаю маҳаллаҳо ва деҳаҳо барои сабзгардонию хуррамии диёр мардум ба ҳашарҳои умумӣ баромада, дар вақтҳои берун аз кори асосӣ ҷаҳду талоши беандоза доранд.

Тоза кардани ҷӯйбору мулоим кардани бехи дарахтон, шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, гулу гулбуттаҳо, сафеду таъмир намудани дару деворҳо тақрибан ҳама вақт ба фаъолияти ҳашарчиён табдил ёфтааст. Инак, лаҳзаеро хонандагони рӯзнома дар расмҳо аз ҳашари кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Варзишгоҳи марказӣ ва дигар корхонаю коргоҳҳо мушоҳида мекунед, ки берун аз вақти корӣ ба хуррамгардониву сабзкориҳо ва тоза кардани гирду атрофи коргоҳ бо як дили гарм машғул шуда истодаанд. Ин ҳолатро кормандони бойгонии ноҳия, боғи фарҳангиву фароғатӣ ва бахши фарҳанг мушоҳида карда, ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ машғул шуда истодаанд.

Чунин ташаббусҳо имрӯз дар тамоми корхонаю коргоҳҳои ноҳия хусусияти оммавӣ гирифта, аҳолӣ барои ободкориву хуррамгардонӣ ҷиддан талош карда истодаанд.

П.Нуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *