Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки кулли фаъолон прокурори ноҳия муҳтарам М. Зувайдуллозода тағйироту иловаҳоро, ки ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқ ва гармӯӣ ворид гардидаанд, шарҳу тавзеҳ дод. Аз кулли иштирокчиён даъват ба амал овард, ки риояи қатъии моддаи 382 –и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикитстон ва моддаи 253 1 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Риояи ин моддаҳо, таъкид кард прокурори ноҳия, танҳо ба хотири истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқ ва гармӯӣ ва зарар надидани истифодабарандагони он нигаронида шудааст. Дар зер ҳамин моддаҳо барои дуруст дарк кардани шаҳрвандон аз кодексҳои болозикр оварда мешаванд:
Иқтибос аз Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Моддаи 382.Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӯӣ .
Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӯӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӯӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӯӣ бе асбобҳои зарурии назоратӯӣ ва ба ҳисобгирӯӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӯӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқаррашудаи асбобҳои андозагӯӣ, нчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӯӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳоии таркиби ҷиноят, – ба шахсони воқеӯӣ ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1500 то 2250 сомонӯӣ) , ба шахсони мансабдор аз сӯӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2250 то 3750 сомонӯӣ ) ва барои шахсони ҳуқукӯӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15000 то 22 500 сомонӯӣ) татбиқ карда мешавад.
Эзоҳ: як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 253 1 : Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ.
1.Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӯӣ в а тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ , инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӯӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӯӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӯӣ содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27350 то 41025 сомонӯӣ ) ё маҳрум сохтан аз озодӯӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
- Ҳамин кирдор, агар ;
а) ба миқдори калон ;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӯӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӯӣ содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 60 000 то 90 000 сомонӯӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӯӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3.Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин мода, агар;
а) ба миқдори махсусан калон ;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӯӣ(ташкилоти ҷиноятӯӣ) содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӯӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Ф. Нуров