Тандурустӣ

«Корвони саломатӣ» дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак

 

Баробари  фаро расидани рӯзҳои гармо ва тағйир ёфтани иқлим, тавре ки аз таҷриба маълум аст, вазъи саломатии одамон низ дигаргун мешавад ва хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ зарурати бештар пайдо мекунанд. Маҳз ба ҳамин мақсад аз 12 феврали соли 2025, таҳти №20 Амри раиси ноҳия ҷиҳати таъсис додани «Корвони саломатӣ» ва ҳайати он ба тасвиб расид, ки мутобиқи ин Амр муовини раиси ноҳия П.Гадозода – роҳбари ҳайат, сардухутури беморхонаи марказӣ  М.Самиев – муовини роҳбар, менеҷери КАТС-и ноҳия С.Хоҷаев – муовини роҳбар таъин шудаанд.

Ба ҳайати аъзоён табибони ботаҷриба З.Ҳандалаев -директори Маркази бемории ВИЧ /СПИД, М.Раҳимова – мудири шуъбаи таваллудхона, Н.Абдураҳимова-директори Маркази солимии репродуктивӣ, М. Ҳайталиева, З.Сатторова, Ҳ.Абдураҳим – духтурони момодоя, Д.Дустова, З.Аҳтамова – табибони амрози даруна, Ҷ.Авазова, Н.Ҳакимова – табибони УСО, Г.Саидова-таҳлилгар, Ф.Яқубова-момодояи танзими оила, И.Самадова, С.Шарифова, Д.Пирова, М.Ахунова – момодояҳои танзими оила таъин гардиданд.

Ҳайати «Корвони саломатӣ» тибқи Амри раиси ноҳия ба маҳаллаҳою деҳаҳои ҷамоатҳо рафта,  ба беморону эҳтиёҷмандон хизматрасонии тиббӣ менамоянд. Ин ташаббуси раиси ноҳия ҷиҳати пешгирӣ намудани тамоми бемориҳои сироятӣ нақши бориз дошта, ба хотири беҳдошти саломатии шаҳрвандони ноҳия роҳандозӣ шуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки «Корвони саломатӣ» имконият фароҳам меорад, ки ҳатто дурдасттарин деҳаҳою маҳаллаҳои ноҳия аз хизматрасонии тиббӣ ҳамаҷониба бархӯрдор шаванд.

               Н.Фозилҷон          

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *