Вохӯри бо ҷамоат

Боздиди раиси ноҳия аз ҷамоатҳои деҳот

Саннаи 09.07.25 Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, махсусан пахта, иҷрои нақшаи ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳоти Озодагон ва Меҳвар раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К вохури баргузор намуд.

Хабарҳо

Барқ – воситаи муҳими зиндагии инсон

  26 майи соли 2025 дар толори мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолону масъулин  ҷамъомад гузаронида шуд. Дар ҷамъомад, ки онро муовини раиси ноҳия И.Хоҷазода ҳусни оғоз бахшид, ёрдамчиии калони прокурори ноҳия Т.Шодизода баромад кард. Мавсуф дар баромади худ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба кодексҳо […]

Тандурустӣ

«Корвони саломатӣ» дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак

  Баробари  фаро расидани рӯзҳои гармо ва тағйир ёфтани иқлим, тавре ки аз таҷриба маълум аст, вазъи саломатии одамон низ дигаргун мешавад ва хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ зарурати бештар пайдо мекунанд. Маҳз ба ҳамин мақсад аз 12 феврали соли 2025, таҳти №20 Амри раиси ноҳия ҷиҳати таъсис додани «Корвони саломатӣ» ва ҳайати он […]

Сиёсат

Ифротгароии динӣ хатарноктарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ

  Дар асоси Конститутсияи худ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардидааст. Сиёсати давлатии кишвар ба он равона карда шудааст, ки тамоми шароит барои зиндагии бошарафона ва рушди озодии шаҳрвандон мавҷуд бошад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад. Ҷиҳати дигари муҳими сиёсати […]