Хабарҳо

Шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳою муассиаҳои ҷамоатҳои деҳоти Намунаи,Озодагон,К.Сайфутдин,Меҳвар,Нури Ваҳдат ноҳияи Панҷ

 

Имрӯзҳо, ба сардиҳои зимистон нигоҳ накарда, аҳли заҳмати ноҳияи Панҷ баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2024) бармеоянд, ҷаҳду талоши зиёде доранд.

        Раиси навтаъиншудаи ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти мардуми заҳматқарини Ҷамоати деҳоти Намуна бо ҳамроҳии роҳбарону мутахассисон ба кору бори аҳолӣ аз наздик дидан карданд. Таваҷҷуҳи раисро, пеш аз ҳама, вазъи кори пойгоҳои обкашӣ дар Ҷамоати мазкур, ки як қисм заминҳои ин ҷамоат маҳз ба ҳамин восита обёрӣ карда мешаванд ва аҳолии қисме аз маҳаллаҳою деҳаҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин мегарданд, ба худ ҷалб намуд. Маълум аст, ки дар фасли зимистон каналу ҷӯйҳои обрасонӣ тоза карда, ба мавсими киштукор омадагӣ гирифта мешавад. Аз ин рӯ, дар ин фасл танқисии ҳам оби ошомиданӣ ва ҳам об барои вусъати кишти барвақтии зироатҳо ба назар мерасад. Раис муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба кори пойгоҳҳо, таъмиру тармими саривақтии онҳо ба масъулини хоҷагии давлатии об ва густариши кори онҳо дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.

         Ҳамзамон, раиси ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Намуна ба вазъи корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ, сари вақт анҷом додани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ вазъи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ғӯзапоя тоза кардани майдонҳои киштзор, ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти зироатҳои барвақтӣ, мушкилот ва норасоиҳо ҷиҳати зимистонгузаронӣ, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассиаҳои таълимӣ, вазъи кор дар бобати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар дар ин самт, муассисаҳою бунгоҳҳои тиббӣ, шарту шароити хизматрасониҳои тиббӣ, ҳолати кори муассиаҳои фарҳангӣ, камбуду нухсонҳо дар ин соҳа ва дигар масоили мубрами рӯз шиносоӣ пайдо карданд.

         Ба хотири вусъат бахшидан дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷамоати деҳоти Намуна раис бо иштироки кулли фаъолони ҷамоат ҷаласаи  калони корӣ баргузор намуданд ва дар ҳамин ҷаласа роҳу усулҳои пешрафти корҳо, бартараф кардани камбуду нуқсонҳо ва мушкилоти ҷойдошта муфассал андешаронӣ карда, ба масъулини соҳаҳо супоришу дастурҳои мушаххас доданд.

Тазаккур додан ба маврид аст,ки чунин ҷамъомаду вохӯриҳо дар ҷамоаатҳои деҳоти  Меҳвар, Озодагон, ба номи Сайфиддин Кабут, Нури ваҳдат ва  шаҳраки Панҷ  бо иштироки  раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал  Комилзода,  муовинони ӯ ва дигар шахсони мутассадӣ  баргузор гардиданд.

 

                                                                                            Н.Фозилҷон. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *