21 январи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, инчунин як қисм меҳмонони сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом доданд. Меҳмононро раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода дар даромадгоҳи ноҳия истиқбол намуд. Меҳмонон ба кору бори аҳли заҳмати ноҳия шинос шуда, сипас дар роҳрави наз ди корхонаи пахтатозакунӣ арчаҳои сабз ва дигар ниҳолҳо шинонданд.
Баъд аз суҳбат бо роҳбарони ноҳия ва огаҳӣ ёфтан аз кору бори кишоварзон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия меҳмонон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки роҳбарон, фаъолон ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ ҷамъомади калон баргузор намуданд. Муовини Сарвазир муҳтарам Сулаймон Зиёзода баромад карда, дар бораи он масъалаҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 ироа намуданд, таваққуф карданд. Мавсуф баъдан дар бораи вазъи имрӯзаи корҳои кишоварзӣ, ки аз мушоҳидаҳояшон бар меояд, суханронӣ намуданд.
Дар меҳвари андешаронии муовини Сарвазир муҳтарам Сулаймон Зиёзода масъалаҳои беҳтар намудани муҳити зист, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, заминҳои кишоварзиро аз ѓӯзапоя тоза кардан, кандану тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҷӯю каналҳои обрасонӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани дастгоҳҳои обрасонӣ, шудгори хушсифати заминҳои зироаткорӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба соҳаи пахтакорӣ, кишти зироатҳои барвақтӣ ва такрорӣ, иҷрои нақшаҳои кишти картошка, пиёз сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳо, муташакилона гузаронидани мавсими сармо, омодагии ҳаматарафа гирифтан ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат равнақи тоза бахшидан ба созандагиву бунёдкорӣ ва монанди инҳо барин масъалаҳои мубрами рӯз қарор доштанд.
Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ҷамъомадро ҷамъбаст намуда, меҳмононро бовар кунонид, ки мардуми шарифу заҳматкаши ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва Шумо, меҳмонони азизро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маслиҳату машваратҳои имрӯзаро пурра роҳандозӣ намоянд.
Н.Фозилҷон