Тибқи Амри раиси вилояти Хатлон аз 6 феврали соли 2025, №3 ва Амри раиси ноҳияи Панҷ аз 11 феврали соли 2025, №18 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ дар давоми рўзҳои 12-14-уми феврали соли равон чораҳои пешгирикунандаро аз офатҳои табиӣ вобаста ба мавсими зимистону баҳори соли 2025 ба тариқи ҳашари дастаҷамъона бо ҷалби қувваю воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ намуд.
Қабл аз ҳама рўзи 12-уми феврали соли ҷорӣ, соати 7-30 дақиқа ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ, ташкилоту муассисаҳо ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия бо эълони «Бонги ҷамъшавӣ» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъ омаданд. Муовини сардори Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода М.Т. мазмун ва муҳтавои Амри болозикри раиси вилоятро ба иштирокчиён фаҳмонда дод. Сипас раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. баромад карда, ба масъулин оиди иҷрои машқҳои ғайринақшавӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баъдан дар деҳаҳои Ганҷдеҳ, Ваҳдатобод-1, Ваҳдатобод-2-и ҷамоати деҳоти Намуна, маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ, деҳаи Аспреси ҷамоати деҳоти Озодагон, Селгаи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, Бағараи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ва дигар минтақаҳои осебпазир корҳои гуногун анҷом дода шуданд. Дар ин се рўз шохи дарахтони қадқади каналу ҷўйборҳо тоза карда, дар ҷойҳои даркорӣ ниҳолҳо шинонда шуд. Роҳи байни деҳаи Аспрес ба Типавойи ҷамоати деҳоти Озодагон, ки дар натиҷаи омодани селҳо вайрон шуда буд, аз нав таъмир карда шуда истодааст. Партовҳо аз кўчаҳову роҳҳои дохили шаҳраки Панҷ тоза карда шуданд.
Дар ин рўзҳо мардуми маҳаллаҳо ба ҳашари умумӣ баромада, баробари техникаҳои гуногунтамға, бо белу каланд кор карданд, селпартову селроҳаҳоро тоза намуда, хавфи сар задани ҳодисаҳои нохуши табиӣ пешгирӣ карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин се рўзи баргузории машқҳо ва чорабиниҳо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои иштирокчиён хўроки гарми яквақтаина ва чою оби нўшокӣ таъмин намуданд.
Дар рафти чорабиниҳои мазкур ҷамъулҷамъ 226 нафар корманд, 845 нафар сокинон ва 40 адад нақлиёту техникаҳои гуногунтамға сафарбар карда шуданд ва машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Панҷ оид ба пешгирӣ ва рафти оқибатҳои офатҳои табиӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд.
У.Исмонзода, сардори шуъбаи ҲФ ва МГ дар ноҳия