Хабарҳо

Паём ва ҳадафҳои асосии он

 

28 декабри соли 2024 дар толори нави Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Сарвари мамлакат дар Паёми навбатии худ оид ба қайд намуданд, ки: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст». Ба ин хотир зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар Паём Пешвои миллат рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳоро таҳлил намуда, роҳу усулҳои такмили фаъолияти онҳоро равшану возеҳ карданд. Таъкид карда шуд, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ниҳоят зарур аст. Ба ин мақсад зиёда аз 197 миллиард сомонӣ то ин вақт равона карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар 5 соли охир-солҳои 2020,2022,2023 ва 2024 дар маҷмуъ ба андозаи 100% маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда шуд. Дар Паём Сарвари кишвар ба Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки то соли 2025 «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия ба ва Ҳукумати ноҳия пешниҳод карда шавад.

Ба хотири  вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд. Сарвари кишвар дар Паёми имсолаи худ пешниҳод намуданд, ки: Дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад».

Инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро Сарвари кишвар ба минбаъда ташаккул додани маърифати андозсупорӣ ҷалб намуда, гузариш ба низоми пардохтҳои ѓайринақдӣ  барои ноил шудан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодиро муҳим арзёбӣ карда,  дар ин бобат андешидани чораҳои судманд ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупории шаҳрвандонро таъкид намуданд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат дар доираи ҳадафи стратегӣ саноатикунонии босуръати кишварро дар 5 соли охир таҳлил намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуда, дар ин давра беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74000 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Ба хотири расидан ба истиқлоли энергетикӣ Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар соли 2025 лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Роҳбари давлат ҷиҳати тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳанти амалкунандаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суѓуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ба андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи фарҳанг ва дарёфту рушди истеъдодҳои наврасу ҷавон пешниҳод карда шуд, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар як мактаби мусиқӣ сохта ба истифода дода шавад. Инчунин ба идораҳои марбута супориш дода шуд, ки вобаста ба таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат аз мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ёдовар шуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва оинҳои мардуми бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот, пешрафти давлат ва ободии ватан нақши муассир доранд.

Сарвари давлат дар Паём ҷиҳати ташаббусҳои созандаи ҷавонон, минбаъд низ дастгирӣ намудани онҳо сухан ронда, ҳамзамон таъкид карданд, ки ҷавонон бояд аз ҷаҳони пуртазоту ноором, таҳаввулоти босуръати сайёра огоҳ бошанд, худро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ, хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу давлат, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллию суботи сиёсӣ ҳамеша омода бошанд.

Президенти мамалакат вобаста ба сиёсати хориҷӣ сухан ронда, изҳор доштанд, ки кишвари мо робитаҳои худро бо ҳамаи созмонҳои манфиатовари байналмилалӣ дар асоси эҳтироми ҳамдигар густариш медиҳад.

Имрўз кулли мардуми шарифи кишвар дастуру супоришҳои дар Паём ироашударо бояд сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи худ намуда, дар иҷрои онҳо сидқан ҷаҳду талош намоянд.

М.Зувайдуллозода, прокурори ноҳия,      мушовири  адлияи дараҷаи 1

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *