13 марти соли равон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум) баргузор гардид, ки дар он вакилони навинтихобшуда, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва дигар масъулин иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
-ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;
-дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум);
-дар бораи тасдиқ намудани Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум);
-дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум);
-дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум);
-дар бораи пешбирии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияҳои бисту шашум (даъвати шашум) то иҷлосияи якум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ;
Дар иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ И.Хоҷазода шунида шуд. Дар ахборот аз ҷумла қайд гардид, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2 марти соли равон баргузор гардид, дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронида шуд. Аз 56241 нафар овоздиҳандагони ноҳия, ки дар 31 участкаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда буданд, 48311 нафар иштирок карданд. Дар интихобот 1670 нафар овоздиҳандагон бори аввал иштирок карданд.
Ба иттилои хонандагони рӯзнома расонида мешавад, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Ҷайҳун-33 ва Фархор-34 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом ва муҳтарам Хайриддинзода Азизбек, ки аз ҲХДТ пешбарӣ шуда буданд, бо гирифтани 69,3% ва 65,2%-и овозҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Ҷамъбасти интихобот нишон дод, ки дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54 ва Панҷ №55 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Иброҳимиён Акмал Комилзода (раиси ноҳияи Панҷ) ва Амирзода Бадахшон Бозоралӣ (муовини раиси ноҳияи Кушониён) вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб шуданд. Дар 40 ҳавзаи интихоботӣ, ки дар 31 участкаи интихоботӣ интихобкунандагон овоз доданд, 40 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ интихоб карда шуданд. 120 нафари дигар ба ҳайси вакилони Маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия интихоб гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нашри пешинаи рӯзномаи «Ҳаёти нав» рӯйхати вакилони интихобшуда ба иттилои муштариён расонида шуда буд.
Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуривӣ ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта чунин фоизи овозҳоро соҳиб гардиданд:
-Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 20,88%
-Ҳизби демократии Тоҷикистон – 4,78%
-Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 15,3%
-Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 1,69%
-Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 4,30%
-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 51,25%
Дар ахобороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот қайд карда шуд, ки ба унвони Комиссия аз ҷониби интихобкунандагон ягон арзу шикоят ворид нагардид ва интихобот дар асоси талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шаффоф, демократӣ ва дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Сипас иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Панҷ (даъвати хафтум), Дастури кории Маҷлиси вакилони халки ноҳия (даъвати ҳафтум), ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Панҷ (даъвати хафтум), инчунин қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияҳои бисту шашум (даъвати шашум) то иҷлосия якум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Панҷро тасдиқ намуда, Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халки ноҳия (даъвати ҳафтум)-ро ташкил намуд.
Иҷлосия раиси ноҳияи Қубодиён Сабуров Мирзодавлат Абдолиевичро тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
Баъди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия кори худро анчом пазируфт.
Н.Фозилҷон, П.Нуров.