Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз « 7 » апрели соли 2025 № 67 н.Панҷ |
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия;
– сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия;
– мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (оид ба самти кадрҳо);
– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
-сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Намуна.
– сармутахасис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;
-мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида шавад
2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 10 январи соли 2025, №16 аз эътибор соқит дониста шавад. |
И.в. Раиси ноҳияи Панҷ: Иброҳимиён А.К.