Ҳамдиёрони азиз!
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлоли кишвар ва дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёдамон эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷашнҳои миллиамон, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷиллои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Мардуми тоҷик яке аз чунин анъанаҳо ҷашни «Сада»-ро ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои маънавӣ ҳифз намуда онро ҳар сол дар охирҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврал ҷашн мегиранд.
Бо истифода аз ин фурсат ба муносибати ин ҷашни бостонӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик намуда ба хонадони ҳар як сокини ноҳия гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни «Сада» дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалаи хоса дошта, ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.
Ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму оинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.
Ниёгони ориётабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд. Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.
Ҷашни Сада яке аз ҳамин оинҳои басо деринаи мардуми мо буда, дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил мекарданд. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол оину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.
Қобили зикр аст, ки ҷашни «Сада» бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри «Касане»-и кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.
Насли калонсол дар давраи сардии фасли зимистон дар орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базмҳо меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни «Сада»-ро ташкил мекарданд.
Мардуми мо, хусусан кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳими он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, нигоҳубин намудани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кӯчаву маҳаллаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ намудан аз сарфу хараҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад. Вобаста ба ин ба мардуми шарифи ноҳия бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
«Сада» дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи 10-уми моҳи баҳман рост меояд. Ҳамзамон таъкид меравад, ки ин ҷашн даҳум рӯзи баҳман буда, чун дар он рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс аз он аст ба адади сад расидааст.
Вобаста ба ин ҷашн Абурайҳони Берунӣ дар асари худ «Осор-ул-боқия чунин нигош-тааст: «Сада – номи ҷашни рӯзи даҳуми моҳи баҳман аз ҳар соли шамсӣ мебошад».
Инчунин дар китоби дигаре низ ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин ҷашнро сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Берунӣ форсизабонони қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.
Ба ин тариқ «Сада» иди қадимтарин ба шумор рафта, маънояш бо шумораи сад; яъне сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, алоқаманд аст. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимаамон ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекардааст ва рӯзи 10-уми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз ҷашни «Наврӯз» омадани «Сада» гувоҳи он аст, ки пас аз 29 январ то рӯзҳои аввали моҳи феврал ҷашн гирифта мешудааст.
Абӯлқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин навиштааст: «Таърихи пайдоиши ҷашн гирифтани «Сада» ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ рост меояд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашн оғоз намудани кишту кори баҳорӣ ва раванди корҳои саҳроӣ мебошад. Баъди таҷлили ҷашни «Сада» ҳар як хоҷагидору кишоварзро зарур аст, ки бо мақсади сари вақт оғоз намудани кишту кори баҳорӣ ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамдиёрони азиз!
Боварӣ дорем, ки тамоми сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Панҷ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар доираи роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин ба раванди кишту кори баҳорӣ суръат бахшида, дар рушду нумӯ ва сарсабзиву хуррамии кишварамон ҳамзамон сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистода саҳми босазову арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!