Маориф

ҒАЛАБА МУБОРАК, ШУКРИЯ!

Имрӯзҳо озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамбаст гардида, иштирокчиёни он бо як ҷаҳон таассурот ба  макони зисту таҳсили худ баргаштанд. Дар ин чорабинӣ намояндагони ноҳияи Панҷ низ ширкат варзиданд ва ҳар кадом  ба қадри донишу маҳорат ва малакаҳои ҳосилкардаи худ қувваозмоӣ намуданд. Боиси хушбахтиву  фараҳмандист, ки дар ин озмун хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №12 Шукрияи Ривоҷиддин бо эҳсоси баланди донишандӯзӣ  иштирок карда, дар ҷумҳурӣ ҷои сеюмро ишғол намуд ва  ифтихори аҳли муҳассилини ноҳия гардид.

         Ба ин муносибат рӯзи 25 ноябри соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ҷамъомади  бошукӯҳе ташкил карда шуд. Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия муҳтарам П.Гадозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа С.Комилзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Р.Ҳакимзода  ва дигар масъулин ҳузур доштанд. Хонандагону омӯзгорон ва намояндагони волидайн ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз рӯи номинатсияи «Адабиёти бачагона», Шукрияи Ривоҷиддинро  бо  кафкӯбиҳои пурмавҷ   истиқбол намуданд. Баъдан Шукрия баромад карда, изҳор намуд, ки ин ғолибият ғолибияти танҳо ман набуда, балки дастгирию ёрии беғаразонаи устодону хонандагони Муассиса, кормандони шуъбаи маориф ва дигарон низ мебошад. Бисёр хурсандам, ки дар ин ҳамоиши илмиву фарҳангӣ дастболо шудам. Бо ёрию дастгирии ҳамаи шумо  кӯшиш мекунам, ки дар оянда сазовори боз ҳам ҷойҳои болотар шавам.

Сипас, дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия П.Гадозода ва мудири шуъбаи маориф Р.Ҳакимзода баромад карда, изҳор намуданд, ки ғолибияти Шукрияи Ривоҷиддин сари ҳамаи моро баланд кард. Мо Шукрияро барои ин ғалабааш сидқан табрик мекунем ва комёбиҳои боз ҳам баландтарро таманно дорем. Муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики Муассиса Гулхумор Музаффарова, ки Шукрия шогирди бевоситаи ӯ мебошад, дар баромади худ қайд кард, ки  аз ин ғолибияти шогирд банда ҳам хеле ифтихор мекунам ва сарфароз гаштам, Шукрия духтари хоксор, илмдӯст, худшинос ва меҳанпараст буда,  боварӣ ҳаст, ки дар оянда яке аз фарзандони барунманди Ватан хоҳад шуд.

Падари Шукрия Мирзоҳаёт Сафолов ва модараш Ҳуснигул Олимова низ дар ин маърака иштирок дошта, аз ғолибияти фарзандашон хеле мамнун буданд. Воқеан ҳам ин падару модари меҳрубон дар пешрафту ғолибияти фарзандашон саҳми бузург доранд.

Шукрияи  Ривоҷиддин  барои ин ғолибияташ сазовори Ҷоми озмун, диплом, ифтихорнома, 20 ҳазор сомонӣ ва аз ҳама муҳимаш, боиси эҳтироми кулли атрофиён гардидааст. Мо, кормандони нашрияи «Ҳаёти нав» низ, Шукрияи Ривоҷиддинро барои ғалабааш дар озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» самимона табрик намуда, ба ӯ дар ҷодаи аз худ кардани донишҳо дастовардҳои боз ҳам баландтарро таманно дорем.

                                                               

                                                                       Н.Фозилҷон,  П.Нуров  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *