Тундгароии динӣ дар доираҳои алоҳида таҳти номҳои гуногун ва дар шаклҳои мухталиф дар ҷомеаҳо аз замонҳои гузашта зуҳур карда, то инҷониб омада расидааст. Мақсади муосири тундгароии динӣ барҳам додани таъриху фарҳангҳо ва маданияти башарият аст ва он аз хушунат бераҳмона ҳам гузаштааст.
Қисмҳо, ҷиходҳо, тафруқаҳои мазҳабӣ, ихтилофоту ситезаҳои динии сиёсиолуда, ҷангҳои шадид, зулму шиканҷа, сӯйқасдҳо, инқилобҳо, куфр ва ғайраҳо дар барномаҳои махсус таҳрезӣ гардида, дар шаклу усулҳои хос ба кишварҳои мусулмоннишин, ки аксарияти онҳо эътиқоди баланди динӣ ва эҳсоси камтаҳаммулу бесабр доранд, пиёда карда мешаванд.
Ба таври мисол, баъзе пайравони дини ислом нисбат ба дигар динҳо аз ҳама бештар эхсосианд ва ин теъдод аслан ҷавонон мебошанд.
Дониши кам нисбат ба дин дошта, андешаи аниқ ва тахлилӣ надошта, эътиқоди баланду ангезаи камтаҳаммул боиси он гаштааст, ки сӯйстифода аз дини ислом дар аксар кишварҳои мавриди назар харобӣ, нооромӣ, қашшоқӣ, гурӯснагӣ ва фалокатҳои гуногунро ҳукмфармо бошанд.
Ин нуқта низ рӯшан аст, ки дар паси ин дарҳои алоҳида манофеи худро доранд, аммо ҷомеаи муслимин худ бо бахонаҳои поймол кардани арзишҳои динӣ ба вуҷуд меоранд.
Метавон мисол овард, ки тарғиби аблаҳонаву ғаразноки динӣ ба ном мавлавиҳои афғониро, ки бо тарғиби гурӯҳҳои махсуси террористӣ ҷиҳодро фарзи айн эълон кардаанд ва баъзе ноогоҳону гумроҳгаштагон онҳоро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ҳол он ки давлату ҳукумати мо бар пояи арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллат бобати пешгирӣ аз бегонапарсатии хатарафзо дар фарҳангу худшиносии миллии худро дорад. Ин ҷо сухан сари ҳифзи худшиносии миллӣ меравад ва ин нуқтаи асосӣ аст. Оне, ки моро дар ҷомеаи мо ҳифз мекунад, ҳувияти миллии мо мебошад.
Як нуқтаи дигарро мехоҳем иброз намоем, ки тарғибу ташвиқгарони ифротӣ нахуст ба таҳриби арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ даст зада, сипас ба шахсони донишманду шахсони аввали давлатӣ мепардозанд. Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷавононро бо худ ҷалб менамоянд.
Дар шароити қунунӣ ҷомеа бояд ба шахсони донишманд, таҳлилгару стратег ва ояндабин такя намуда, бо идрок ва зиракии сиёсӣ барои устувории ҷомеа ва пешгирии таассубу ифрот истодагарӣ карда, дар чунин шароит доштани Пешвои раҳнамо ва сарвари хирадманд садди роҳи ҳамагуна ифроту таассубгароӣ, бегонапарстию иғвоангезӣ шуда метавонад.
Аз ин лиҳоз, мо, фаъолони ҷомеа, хусусан ҷавонон, бонувони ноҳияро мебояд, ки бо идроки баланд, ақлу фаросати расо, худогоҳию худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба ҳар гуна тарғибу таассуби ифротӣ ва моҷароҷӯёна муборизаи беамон бурда, давлату субботу оромии ҳар шаҳрвандро ҳифз намоем.
Раҷабзода М
Лочинов Р