Хабарҳо

Парафшон бод Парчами Точикистон !

Ҳамасола дар кишварамон рӯзи 24 ноябр  ҳамчун  Рӯзи Парчами миллӣ ботанатна таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияи мо дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаю таълимгоҳҳо чорабиниҳои гуногуни тантанавӣ  ва фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Рӯзи 23 ноябр маркази ноҳия намуди идона гирифта буд: Парчамҳои Тоҷикистон, расмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, шиору овезаҳои гуногун, аз қабили «Парчами мо-ифтихори мо», «Парафшон бод Парчами Тоҷикистон», «Таҳти Парчами Тоҷикистон бо Пешвои миллатем» ва фавҷи калони одамон  дар хиёбону кӯчаҳои шаҳраки Панҷ ҷамъ омада, бо рӯҳияи баланди ватнадӯстӣ, хештаншиносӣ,  худогоҳӣ ба хиёбони марказии ноҳия равона шуданд. Роҳбарияти ноҳия низ дар ин чорабинӣ бо ҳисси баланди мардумсолорӣ ширкат варзиданд.

 Ташкилоту муассисаҳо, корхонаю таълимгоҳҳо бо парчамҳою овезаҳои худ  дар хиёбони  марказии ноҳия ба роҳпаймоӣ шурӯъ намуданд. Дар чеҳраи кулли роҳпаймоён хурсандӣ, табассум ва болидахотирӣ ҳувайдо буд. Ҳар як корхонаю ташкилот ва муассисаю таълимгоҳҳо аз назди роҳбарияти ноҳия гузашта, бо чеҳраҳои хандон ба Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдони Парчами Тоҷикистон ворид гардиданд. Боғу майдони Парчам бо шиору овезаҳои ҷашнӣ  оро дода шуда буд.

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон  роҳбари  дастгоҳи  раиси  ноҳия Б.Файзизода ҳусни оғоз бахшид. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба сухан баромада, иштирокчиён ва мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт ва аз таърихи парчамдории ин миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари  тоҷик ёдовар шуд. Дар табрикоти раис аз ҷумла қайд гардид, ки барои соҳиб шудан ба ин давлати  соҳибистиқлол, Парчаму Нишони давлатӣ  ва Суруди  миллӣ миллати тоҷик даҳшату хушунатҳои зиёдеро рӯ ба рӯ шуд. Хушбахтона, ба толеи ин миллати азияткашида Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди далеру шуҷоъ ва фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб намуд. Ин шахсияти фарзона ва дурандешу хирадманд  бо истифода аз таҷрибаю донишҳои азбаркарда ва истеъдоду масъулияти баланди роҳбарӣ тавонистанд, ки кишварро аз даҳшати гарону вазнини ҷанги шаҳрвандӣ бароранд, дар мамлакат сулҳу амонӣ  ва суботу ваҳдатро барқарор кунанд ва тамоми гурезаҳои иҷбориро ба Ватан  баргардонда, ба меҳнати суботкоронаю созанда раҳнамун созанд. Яке аз қадамҳои таърихие, ки дар самти барқарории  рукнҳои  давлатдории  миллӣ дар солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ  сурат  гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Мусаллам аст, ки Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрав мебошад ва боло шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад. Бо таваҷҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз пас аз қабули Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  амалан пурраю комил гардид. Бигузор Парчам рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди бомароми созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон ва мардуми фарҳангсолору тамаддунофари тоҷикон бошад.

Дар ин радиф аз ҷониби Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар пойтахти ҷумҳуриамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баландии 165 метр барафрохта шуд, ки яке аз баландтарин Парчам дар дунё маҳсуб меёбад. Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи мо низ Парчами давлатӣ бо баландии 45 метр барафрохта шуда, майдони он мавриди истифодаи меҳмонону сокинони ноҳия қарор дода шуд.

Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни муборизони роҳи озодӣ ва сабзии хати дафтари девони гузаштагон маншаъ мегирад, ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ инъикос гардидаанд.

Халқи  тоҷик таҷрибаи бою таърихии парчамдорӣ дорад ва бо истифода аз ин таҳти Парчами миллӣ дар атрофи Президенти кишвари худ зич муттаҳид шуда, имрӯз ба меҳнати бунёдкоронаю  созанда  сидқан камар  баста, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ гомҳои бузургтаре гузошта истодааст.

Сипас, дар ҷамомади тантанвӣ инчунин прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Манучеҳр Зувайдуллозода баромад карда, тарафҳои  ҳуқуқию  қонунии  қабули Парчами миллии кишварро ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки  моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дар худ ифода намудааст. Қадр кардан, эҳтироми самимӣ  доштан ва ҳифзи рамзҳои давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамон вазифаю қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз Парчам рамзест, ки муборизаи халқи тоҷикро барои соҳибдавлатӣ ва истиқлол, равшанию  бахту  саодати ояндаи миллату давлат ва сарсабзию хуррамии он дар худ ифода намудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи Созмони Миллали Муттаҳид, сафоратхонаҳо, корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои  гуногуни  ҷаҳон,  биноҳои  давлатӣ, идораю корхонаҳои мамлакат ҳамеша афрохта мешавад ва ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ мегардад.

Баъди қисмати тантанавии ҷамъомад, барои иштирокчиён аз ҷониби  ҳунарпешагони  Қасри фарҳанги ноҳия  консерти  калони идона намоиш дода шуд, ки аз шеъру сурудҳои ба Парчами миллии Тоҷикистон бахшидашуда фарогир буд.

Мардуми ноҳия Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ифтихормандӣ, ҳувияти миллӣ ва садоқати бепоён ба Ватан ва Пешвои миллат таҷлил намуданд.

                                                                  П.Нуров, Ш.Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *